ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба ман охир ин дод-ангуштарӣ.
Барзу навиштаҷоти ангуштариро хонда сиришк аз дида равон мекунад. Ромишгар ҳайрон мемонад.
Барзу. Эй номвар, дилбари хубрўй,
Чӣ гуна-ст болову дидори ўй?
Чӣ мегўяд имшаб дар ин ҷо, бигўй?
Ромишгар. Эй шоҳи озодагон!
Чунин гуфт Баҳроми бозоргон,
Ки бозоргон аст ин шўҳра зан,
Ба бозоргонӣ – сари анҷуман,
Накўрўй озодаи тезҳуш,
Варо ном – Шаҳрўи гавҳарфурўш.
Барзу ба худ мепечад, вале ҳаяҷонашро фурў менишонад.
Ба боло баланд асту зебо ба рўй,
Шихудаст рўю буридаст мўй.
Ба Омул, – бигўяд, ки шўям бимурд,
Маро дар ғаму дарду меҳнат супурд.
Надонам, ки шаҳру нажодаш куҷост,
Бад-ин омадан сўи Эрон чарост?
Барзу. Модар!
Ромишгар (нафаҳмида).
Чӣ ҳоле дастат дод, эй шаҳриёр?
Барзу. Наход? Наход ки...
Ромишгар. Эй паҳлавон!
Чӣ будаст, к-ин сон фурў рафтаӣ?
Бипажмурда рўю ба дил тафтай?
Чӣ омад ба пешат зи ангуштарӣ,
Ба ман баркушо низ аз ин доварӣ.
Гуле будӣ, аз нозу шодӣ ба бор,
Чӣ уфтод, к-акнун шудӣ зору хор?
Нагўӣ, ки ин нолаи зор чист?
Туро дарди ин дард аз баҳри кист?
Барзу. Битарсам, ки чун боз гўям сухан,
Бад ояд ба рўи ту, эй нек зан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё