ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Кунун гар вафоро ту паймон кунӣ,
Дар ин хастагиам ту дармон кунӣ,
Ба савганду паймон бибандӣ ду даст,
Чӣ паймон, ки онро нашояд шикаст.
Ки бо кас нагўӣ ту ин рози ман,
Бад-ин кор бошӣ ту дамсозӣ ман.
Ромишгар. Эй паҳлавон!
Ба гарданда гардуну меҳри равон,
Ки гар бар сарам теғи буррон бувад,
Танам дар кафи шери ғуррон бувад.
Нагўям касеро ман ин рози ту,
Бибошам дар ин кор анбози ту.
Барзу. Он шўҳра зан,
Ки ангуштарӣ оваридӣ ба ман,
Зи баҳри ман омад бад-ин шаҳр – дар,
Вагарна ниёзаш набуд бо гуҳар.
Маро гар зи эдар раҳоӣ бувад,
Туро дар ҷаҳон подшоӣ бувад.
Ҳам эдар ту акнун бирав боз ҷой,
Ҳамон роҳ барбат ба нармӣ сароӣ,
Замоне баросоӣ бо шўҳра зан,
Чу холӣ шавад хона аз анҷуман,
Бад-ў гўй: баргў, чӣ номӣ ба ном,
Нажодат кадом асту шаҳрат кадом?
Ҳамоно, ки Барзуйро модарӣ,
Ки рўзу шаб аз дард бар озарӣ?
Агар модари вай туй, боз гўй,
Ки то андар онат шавам роҳҷўй.
Ромишгар. Ба чашм!
Меравад.
Барзу (зери лаб). Модар... Модар!
Саҳна торик ва лаҳзае пас боз рўшан мешавад. Ромишгар шодон вориди саҳна мегардад.
Ромишгар. Шодиёна, номдоро! Вай моми туст!
Барзу. Дармони ин кор чист?
Дар ин кор дарди маро ёр кист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё