ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Чӣ созам ба ину чӣ афсун кунам,
Ки пои худ аз банд берун кунам?
Мар-ўро кӣ орад ба наздики ман?
Дурахшон кунад ҷони торики ман?
Ромишгар. Бисозам туро ман бад-ин рой кор,
Бад-он гаҳ, ки сар барзанад офтоб,
Шабаҳ гардад аз вай чу дурри хушоб,
Шавам назди он бонуи бонувон,
Бисозем тадбир мо ҳардувон,
Бигўям, ки то асп бихрад чаҳор,
Таковар ба кирдори боди баҳор,
Силоҳи гаронмояву барги роҳ.
Каманди дарозу дирафши сиёҳ.
Биёрам камандеву сўҳон барат,
Ки монанди ҷонанд ин дархурат...
Барзу. Маслиҳат оқилона аст. Ба ҷон ҳамкори туям!
Саҳна торик. Мусиқӣ. Саҳна равшан мешавад. Аз ду тараф
Барзу ва Шаҳрў рў ба рўи ҳамдигар меоянд. Хурўше аз дили синачоки ҳарду ба фалак мепечад.
Шаҳрў. Эй хушманд!
Чӣ гуна будӣ дар ғаму ранҷу банд?
Маро аз ғами ту ба шаб хоб нест,
Ба рўзу ба шаб дида бе об нест.
Барзу. Эй раҳнамун!
Басе ранҷ донам, ки бардоштӣ,
Басе роҳи душвор бигзоштӣ,
Надонӣ, к-аз Эрон чӣ омад ба ман,
Аз он лашкари шоҳу з-он анҷуман,
Валекин кунун гоҳи гуфтор нест,
Беҳ аз рафтани раҳ дигар кор нест.
Бигир, модар, ин либоси гурдонро ба бар бикун, ки вақти сабр нест!
Шаҳрў зуд паси парда гузашта тағйири либос мекунад ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё