Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баъди фосилае дар сурати мард вориди саҳна мегардад.

Шаҳрў. Омодаам, нури басар!
Барзу. Пас меравем ба Шуғнонзамин!
Шаҳрў. Меравем!

Мераванд. Мусиқӣ.

ҚИСМАТИ САВВУМ

Дашт. Барзу ва ромишгар равонанд. Барзу, даст ба пешона лапар карда дурро наззора дорад.

Барзу. Ҳў, дар он ҷо чангу ғубор мебинам.
Лашкарест. Эй, ҳушёр!
Ба мо – бар дигаргуна шуд рўзгор,
Ҳама ранҷу тимори ту бод гашт,
Ки Рустам падид омад аз паҳн дашт.
Бояд пинҳон шуд. (Мераванд. Рустаму ҳамроҳонаш меоянд).
Рустам (гирду атрофро аз назар гузаронда).
Он ҳар се бераҳ шуданд,
Чу аз мову аз лашкар огаҳ шуданд.
Ҳамоно, ки ҷосуси Тўрон буданд.
Ба наздикии шаҳри Эрон буданд.
Дирафшам бидиданду бигрехтанд,
Ба доми бало – дар наёвехтанд.
(Ба Гургин)
... Бора бирон!
Бад-он ҷо, ки гаштанд ҳар се ниҳон.
Нигоҳ кун, ки то кистанд он се тан,
Мар-он ҳар серо ор наздики ман!
(Мераванд. Баъдии фосилае Гургин ва Барзу ҷангкунон ворид мешаванд).
Гургин. Эй номдори далер,
Чӣ мардӣ ба ном, аз куҷо омадӣ?

пешина
аз 315
навбатӣ