Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба бераҳ чунин раҳ чаро омадӣ?
Чу дидӣ дирафши ҷаҳонпаҳлавон,
Чаро гаштӣ аз чашм эдар ниҳон?
Барзу. Ҳамоно зи ҷон сер омадӣ?
Ки з-он сон ба пайкори шер омадӣ!
Гургин. Магар номи Гургин ту нашнидай?
К-аз ин гуна худро писандидай?
Зи пайкори ман шер тарсон бувад,
Зи хашми камандам ҳаросон бувад.
Биё, то туро назди Рустам барам,
Пас он гаҳ ба гуфтори ту бингарам.
Барзу. Эй номвар!
Нагўяд чунин марди пархошгар.
Ба-д он гаҳ, ки бетўшу мурда шавам,
Чу шери жаён захмхўрда шавам.
Ба даҳ мард чун ту маро сўи гўр,
Нашояд кашид, эй гави рўзкўр,
Чу зинда бувам, пас маро чун барӣ?
Ба зарку ба банда ба афсунгарӣ?!
(Ба Гургин ҳамлавар мешавад. Гургин меафтад. Барзу ба
гардани ў банд андохта мехоҳад сарашро аз тан ҷудо созад. Завора садди роҳ мешавад).
Завора. Чӣ номӣ, чӣ мардӣ, маро боз гўй,
Чӣ кардаст ин саркаш, ин ҷангҷўй?
Зи Рустам ҳамоно надорӣ хабар,
Ки гетӣ аз ў гашта зеру забар.
Ҳама Систон сар ба сар они ўст,
Ҳама даҳр яксар ба фармони ўст.
Аз он номвар банд бикшоӣ зуд,
Биё назди Рустам ба кирдори худ.
Набояд, к-аз ин кор огаҳ шавад,
Зи хоҳиш маро даст кўтоҳ шавад.
Туро ман бихоҳам аз ў ин гуноҳ,
Аз ин бештар кор дигар махоҳ.
Барзу. ... Боз ор ҳуш!
Ду чашми хирадро бад-ин сон мапўш.
Магар менадонӣ, ки ман кистам?
Бад-ин дашти пайкор аз чистам?

пешина
аз 315
навбатӣ