ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Маро дидаӣ рўзи нангу набард,
Ба майдони кин бо далерони мард.
На Рустам зи рўй асту на з-оҳан аст,
На ў кўҳи Албруз дар ҷавшан аст.
Агар нестам ман чун ў таҳмтан,
Маро дидаӣ бар сари анҷуман.
Ҳамон захми бозу гуноҳи ман аст,
Каманду камон раҳнамои ман аст!
Завора (худ ба худ).
Мар-ўро ба дидор бишнохтам,
(Ба Барзу) Эй номвар, паҳлавон,
Чӣ гуна биҷастӣ зи банди гарон?
Барзу. Намегўям ин сирро пеши ту.
Хайр, бубар, паёмам ба Рустам!
(Гургинро сари китф карда меравад. Осемасар Рустам меояд).
Рустам (ба Завора). Баргўй, то кор чист?
Рухи ту чу динор аз баҳри кист?
Завора. Эй номдор!
Барошуфт бар мо бади рўзгор,
Раҳо шуд сару пои Барзу зи банд,
Бад-ин гуна гардид чархи баланд.
Ҳама банду зиндони ту кард паст,
Раҳо гашт аз банд чун пили маст,
Гирифтори ў гашт Гургини гав,
Надонам, ки чун хост ин кини нав?
Рустам (ба як сў). Чӣ гуна раҳо гашт ин девзод,
Тани хеш аз он банд чун баркушод?
(Ба ҳамроҳонаш) Эй мардон!
Бибандед доман ба доман дарун,
Ки аз душмани худ бирезем хун,
Агар мо бад-ин бар диранг оварем,
Ҳамон номи некў ба нанг оварем!
Ҳама. Ҳама пеши ту яксара бандаем,
Ба фармону роят сарафкандаем.
Бибандем доман якдигар дигар,
Намонем, к-ин турки пархошгар.
Аз ин дашти пайкор берун шавад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё