Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Магар, к-афсари мо пур аз хун шавад!

Саҳна торик. Мусиқӣ.

Қароргоҳи Барзу. Рустам меояд. Чашмаш ба Шаҳрў ва ромишгар меафтад.

Рустам. Занон кистанд?
Або ў дар ин ҷойгаҳ чистанд?
Чаро омадастанд бо ў ба ҳам?
(Ромишгарро шинохта)
Бигў, эй шўхзан!
Чӣ кардӣ бар он банду зиндони ман?
Чӣ гуна раҳо гашт ин номдор?
Куҷо буд Дастони Соми савор?
(Ромишгар хомўш).
Ин моҳрухсор кист?
Ситода бад-ин дашт аз баҳри чист?
Ромишгар. Эй паҳлавон!
Ту будӣ ҳамасола равшанравон,
Ҷаҳонҷўй Барзўйро модар аст,
Ҳам аз баҳри ў дар дилаш озар аст.

Барзу меояд.

Барзу. Эй сарви бошоху бун,
Туро бо занон чист ин гуфтугўй?
Агар ҷангро омадӣ, ҷанг ҷўй!
Ҳамоно, ки дасти ту беҳ шуд зи дард,
Ки ёд омадат боз дашти набард?!
Зи хунат ҳама хок гулгун кунам,
Равонат ба шамшер берун кунам!
Рустам (барошўфта).
Эй турки баргаштабахт,
Туро чарх бифрефт он рўзгор,
Ки пирўз гаштӣ ту дар корзор.

пешина
аз 315
навбатӣ