Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агарчанде ту марди мардонаӣ,
Ба ҳар донише сахт фарзонаӣ.
Басо шермандон, ки ман куштаам,
Заминро ба хуншон бароғўштаам.
Ниҳеби ман ар сўи Ҷайҳун шавад,
Ба Ҷайҳун – дарун об пурхун шавад.
Агарчанд ҳастӣ ту дар ҷанг чир,
На ман рўбаҳам, низ ту шарза шер.
Барзу. Биозмой!
(Гурзҳо ба кор медароянд, найзаҳо тарафи ҳамдигар рост
мешаванд. Ташнагӣ бар Рустам ғолиб меояд).
Рустам. ... Эй паҳлавон, шод бош!
Ҳамасола аз дард озод бош,
Ба яздон, ки бисёр дидам ҷаҳон,
Ҳам Эрону Тўрон карон то карон.
Ба Мозандарон низ будам басе,
Або Аҳриман даст судам басе.
Басе номдорон, ки дар ҷанги ман,
Бидоданд ҷонро бар оҳанги ман.
Маро сол афзун шуд аз чорсад,
Ки рўзе наёмад маро пеш бад.
Ҳам аз хун маро ҷавшан оғўшта шуд,
Ҳамин бора аз ранҷи ман гашта шуд.
Туро низ донам, ки чунин бувад,
Дилат дар бар аз ранҷ хунин бувад,
Ба хўрдан туро низ бошад ниёз,
Агарчанд ин ранҷ бошад дароз.
Ба наздики модар яке бозгард,
Замоне або ў ҳамовоз гард.
Баросою биншину чизе бихўр,
В-аз он пас чу баргардад аз чарх хур.
Бибанд аз паи кина ҷустан миён,
Бубинем, то бар кӣ гардад замон.
Ба модар ҳама кардаат боз гўй,
Магар ў аз ин кина печад-т рўй.
Ки то кушта н-ой ту бар дасти ман,
Намонад ба ҳалқи ту – дар шасти ман...
Барзу. Эй паҳлавони далер!

пешина
аз 315
навбатӣ