Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шигифт оядам кору кирдори ту,
Ки дидам чунин ҷангу пайкори ту.
Дареғ он далерону гарданкашон,
Дареғ он саворони мардумкушон.
Ки беҳуда бар дасти ту куштаанд,
Равонро ба хун – андар оғўштаанд.
Равонро бидоданд бар дасти ту,
Ба моҳӣ гироянда шуд шасти ту.
Ба афсуну найрангашон куштаӣ,
Заминро ба хуншон дароғуштай.
Ду бор омадӣ ҷангро пеши ман,
Чу дидӣ ба майдон каму беши ман.
Ба чора зи ман рўй баргоштӣ.
Чу дар ҷанг дандони ман гашт тез,
Гирифтӣ дигарбора роҳи гурез.
Бад-он гуфтам ин, то нагўй, ки ман,
Фиреби ту хўрдам, дар ин анҷуман.
Ҳамоно Фаромарз н-омад ҳанўз,
Ки дар ҷанг орӣ баҳона чу юз,
Кунун бозгарду бирав боз ҷой,
Чу ҷанг орзу оядат-пешам ой!
Чунонат фиристам бари Зол боз,
Ки дигар ба ҷангат наёяд ниёз!
Бикўбам ба гурзи гарон гарданат,
Ба хунат кунам лаъл пироҳанат.
Рустам пурандешаву хамўш аз Барзу дур мешавад. Саҳна торик. Шаҳрў меояд.
Барзу. ... Эй меҳрубон!
Надидӣ, ки чун гашт бар ман замон?!
Дигарбора ин саркаши номвар
Чу дар ҷанги ман сахт баста камар,
Ба чора дигар бор аз ман биҷаст,
Чу дидаш, ки гаштам бар ў чирадаст.
Ҳамегўяд ин саркаши ҷангҷўй,
Чӣ бошӣ ба Турон чунин пуя-пўй?
Биё, то туро паҳлавонӣ диҳам,
Ба Эронзамин комронӣ диҳам,
Фиребад маро, то ба Эрон равам,

пешина
аз 315
навбатӣ