ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба наздики шоҳи далерон равам.
Надонам ба фарҷом ин чун шавад,
Зи хун кўҳи ин хок гулгун шавад.
Саҳна торик, сипас равшан мешавад. Дар саҳна Рустам ва паҳлавононаш.
Рустам (ошуфтахотир.
... Ҳаргиз паланг,
Надидам, ки бошад чунин тезҷанг.
Зи чандин саворон, ки ман куштаам,
Ҷаҳоне ба хуншон биёғуштаам.
Басе дев шуд кушта бар дасти ман,
Ба моҳӣ расида сари шасти ман.
Надидам ба мардӣ чунин комгор,
На деву на мардум, на шери шикор.
Ҷавоне, ки солаш набошад ду даҳ.
Ба ман дар чунин баст дар ҷанг раҳ.
Ба яздон, ки аз ҷон буридам умед,
Ҳаме шармам ояд, зи риши сафед.
Аз ў рўй дар ҷанг бартофтан,
Сўи Зол аз ин разм биштофтан,
Чӣ гўеду дармони ин кор чист?
Бад-ин кор дарди маро ёр кист?
Дар ин лаҳза гурўҳи паҳлавонон бо сардории Фаромарз ба саҳна ворид мешаванд. Вай назди падар омада гунаҳкорона сар хам мекунад.
Рустам. Нагуфтам, туро ман, ки ҳушёр бош,
Зи душман саратро нигаҳдор бош!
Бад-он гаҳ, ки буд баста дар дасти ту,
Ба ҳалқаш дарун монда буд шасти ту.
Надонистӣ ўро нигаҳ доштан,
Худу номдорони он анҷуман.
Кунун чун раҳо гашт оҳу зи даст,
Чу боди хазоне ҳаме баргузашт,
Туро шарм н-ояд, ки акнун ҳазор,
Савор оварӣ аз паи як савор?
Фаромарз. ... Эй сари анҷуман,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ