Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сари сарварон – гурди лашкаршикан,
Зи банди ман ин бачаи аждаҳо,
Ба афсўну найранги зан шуд раҳо.
Зане омад аз шаҳри Тўрон баҳуш,
Ба наздики Баҳроми гавҳарфурўш,
Басе зарру гавҳар биёварда буд,
Бад-он рўй ўро зи раҳ бурда буд.
Ба чора раҳо кард вайро зи банд,
Наёмад аз он кор вайро газанд.
Кунун ҳаст дар банд гавҳарфурўш,
Ниҳода ба фармони Рустам ду гўш.
Бад-он, то чӣ фармон диҳад паҳлавон,
Агар бахшадаш в-ар ситонад равон.
Рустам. ... беҳуда бас,
Нагўяд чунин носазо ҳеҷ кас!

Ба сари Фаромарз бо қамчин мезанад. Гев чолоконаву бо хашм тозиёнаро аз дасти ў мегирад.

Гев. На ҳангоми хашм аст, эй паҳлавон,
Ки ҳангоми гурз асту тиру камон,
Ки гўянд: аз баҳри турке, ки ҷаст,
Сари мағзи фарзанди худро шикаст!
Биё, то нишинем бо якдигар,
Бисозем тадбири ин номвар,
Магар номи ўро ба нанг оварем,
Ба майдони кинаш ба ҷанг оварем.

Гургин медарояд. Хушҳол аст, ки аз асирии Барзу раҳоӣ ёфтааст.

Гургин. Яке чора донам дар ин кор ман,
Бубинед ин ройи ҳушёри ман,
Ҳамоно надоранд хўрдан ҳаме,
Аз эдар бибояд-ш бурдан ҳаме.
... бояд хўришгар кунун,
Ки то хўрданиро биёрад бурун.
Бимолем бар мурғи бирён шаранг,

пешина
аз 315
навбатӣ