Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фиристем наздики он тезчанг.
Агар даст ёзад ба хўрдан фароз,
Наёяд ба майдони ҷангаш ниёз.
Рустам. Тадбири олӣ! Омода созед!

Хизматгорон дар як они воҳид гуфтаҳои Гургинро баҷо меоранд. Гургин нуқлу навои бисёре, аз ҷумла мурғбирёни заҳрогинро гирифта баромада меравад.

Қароргоҳи Барзу. Дастархони пур аз нуқлу наво омода. Барзу меояду хонро дида хушҳол мешавад. Ва азбаски гурусна аст, мехоҳад даст ба линги мурғ барад. Ин дам шиҳаи асп баланд мешаваду баъди фосилае Руин – писари Пирон меояд.

Руин (ба Барзу). Эй шери баргаштарўз,
Чигуна-ст кори ту дар Нимрўз?
Ба Тўрон чунон аст акнун хабар,
Ки Рустам буридаст аз тан-т сар.
Магар хуфта бахти ту бедор гашт,
Ва ё банди Рустам чунин хор гашт?
Барзу. Эй номвар,
Чунин буд фармони пирўзгар.
Касеро, ки яздон бувад посбон,
Зи Рустам наёяд мар-ўро зиён!
Модар!
Шаҳрў. Чӣ мефармой, ҷони модар?
Барзу. Пеш ор он ҳадяи паҳлавон!
Зи хошок оташ фаровон кунед,
Бар ў гўрхар зуд бирён кунед.
Руин (бо шубҳа). Эй пурманиш,
Куҷо оваридӣ аз ин сон хўриш?
Барзу. Чу баргашт аз размгоҳ, паҳлавон,
Чунин гуфт гўё ба солори хон:
Ки дар гуна чизе, ки дорӣ, биёр,
Бибар назди он паҳлави номдор.
Биёвард холигараш ин замон, Ки ту омадӣ назди мо шодмон.

пешина
аз 315
навбатӣ