ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Кунун ҳеҷ кас даст бар вай накард,
Зи баҳри чӣ пурсӣ ту, эй шермард?
Рўин. Ҳамоно туро сол бисёр нест,
Агарчанд чун ту ба пайкор нест.
Надонӣ ту оину расми ҷаҳон,
Ҳам афсўну найранги нодўстон.
Набояд, ки чизе дар он хўрданин,
Фишонанд аз баҳри ошўбу кин.
Барзу (худ ба худ) ... оре, раво бошад ин,
Надонам, чӣ ояд ба мо барбад ин.
Киро номадаш зиндагонӣ басар,
Намирад, варо гар барорӣ ҷигар.
Чу ояд замона ба тангӣ фароз,
Ба чора нагардад зи ту марг боз.
Рўин. Як лаҳза!
(Мурғи бирён ва ду пора нонро ба тарафе ҳавола медиҳад. Ба хизматгор). Кў, рафта бубин. Ҷонвар ҷон ба саломат бурд ё на?
(Хизматгор зуд рафта ҳамон замон мурдаи сагро оварда дар пеши пои Барзу мемонад).
Барзу. Эй паҳлавон!
Зи ту дур бодо бади бадгумон,
Ба мо-бар бибахшуд яздони мо,
Ки ту будӣ акнун ба меҳмони мо.
Вагарна бад-ин ҷой мурда будем.
Ҳамон ҷони ширин супурда будем. (Ба Шаҳрў).
Модар, ҷавшанам биёр! (Ба Рўин).
Бифармой, то аспро зин кунанд,
Саворони ту дил пур аз кин кунанд.
Ҳар он к-ў бизояд, бибояд-ш мурд,
Касе шахси зинда ба мину набурд.
Кунун он беҳ ояд, бад-ин ҷойгоҳ.
Ки кушта шавам ман ба овардгоҳ.
В-агар зинда баргардам аз ҷанг боз,
Бувад ҳадяи эзиди бониёз.
Дуоям деҳ, мом! Ин ҷанги охирини ману Рустам хоҳад шуд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ