ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Шаҳрў. Худо дар паноҳаш нигоҳат дорад!
Набардгоҳ. Дар рў ба рўи Рустам Барзу бовиқор истодааст.
Рустам, ўро дида, оҳи сард аз дили пурдард мекашад.
Рустам (худ ба худ)... имрўз боз
Дигарбора шуд ҷанги Барзу дароз.
Ба сад чора аз дасти ин аждаҳо,
Ба майдони кин ёфтам ман раҳо.
(Ба Фаромарз) ... бишнав сухун,
Бад-он чӣ бигўям, накў гўш кун,
Дил андар вафои замона мабанд,
Ки яксон нагардад сипеҳри баланд.
Ба некў ба бад, ҳарду хурсанд бош,
Ҳамеша чу шохи барўманд бош!
Маро чарх бисёр ёрӣ намуд,
Ба фарҷом хоҳад кулоҳам рабуд.
Басе дев шуд кушта бар дасти ман,
Басе чанг кўтаҳ шуд аз шасти ман.
Ниҳеби ман ар сўи Ҷайҳун расид,
Наҳанг аз ниҳебам ба ҳомун расид.
Агар гурз бар кўҳи оҳан задам,
Аз он кўҳ коми дилам бистудам,
Кунун, чун сипеҳр аз сарам гашт суст,
Саворе чунин пешам омад дуруст.
Ман инак шудам сўи он номдор,
Ба майдони ҷанг аз паи корзор.
Агар даст ёбам бар ў бар ба кин,
Ба хокаш дарандозам аз пушти зин.
Вагар ҷуз бад-ин гуна гардад замон,
Ту бора барангезу эдар намон!
Нигар, то наёӣ зи маргам ба ҷўш,
Ба тан – бар силоҳи сабурӣ бипўш!
(Бонг мезанад) Куҷостӣ, Барзу?! Баро ба ҷанги ман!
Барзу пеш меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ