Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
дар ин макон бештар аксҳо, диску кассетаюи солҳои мухталиф ба табъ расида, мақолаву китобҳои дар бораи Аҳмад Зоҳир чопшуда, филму видеоклипҳои дар иртибот бо Аҳмад Зоҳир таҳиягардида нигоҳ дошта мешаванд. Аксҳо дар чаҳорчӯбаҳои зебо ба чаҳор мавзӯъ ҷудо шудаанд: "Даврони туфулият ва хонавода", "Даврони наврасӣ", "Дар оғӯши ҳамкасбон", "Анҷом".
"Талош мекунам, ки бо наздикони Аҳмад Зоҳир алоқа барқарор карда ёдгориву осоре аз ӯ ба даст биёрам. Бисёр мехостам, ки яке аз созҳои мусиқии ӯро дошта бошам. Хулоса то он ҷое, ки тавонам мерасад, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки кулбаи фақиронаи мо ҳарчи бештар ёдеву нақҳате аз Аҳмад Зоҳири нотакрор бидиҳад",- мегӯяд Ғаниҷон. Ва аммо меҳмонон-алоқамандони Аҳмад Зоҳир аз дидани ин хонаи барои як деҳаи кӯҳистонӣ ғайриоддӣ чӣ таассуроте бардоштанд?
Ҳотами Равшан, овозхони маъруф: "Агар касе ба ман суол кунад, ки оё ба ҳунари ҳунарманде ишқ варзидан мумкин аст, ба ӯ пешниҳод хоҳам кард, ки аз ҳамин осорхона дидан намояд ва ба чашми хеш ин тарзи ишқварзиро бубинад".
Исматуллоҳи Саид, файласуф, ходими давлатӣ: "Ман аз овони наврасиям мухлиси таронаҳои Аҳмад Зоҳирам. Алоқамандони зиёди таронаҳои Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешиносам. Аммо бори аввал мебинам, ки як мухлиси сурудҳои Аҳмад Зоҳир ба ман албомҳоеро намоиш медиҳад, ки тақрибан чил сол муқаддам онро ҳангоми хонданаш дар синфи нӯҳум бо як меҳру муҳаббати беандоза тартиб додааст".
Назри Яздонӣ, шоир, файласуф, рӯзноманигор: "Чизи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё