Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Аввалие, ки ба хотири ҳар як меҳмони ин хонаи кӯчаки бузург мерасад, ин аст, ки ҳақиқатан дили инсон як сарои пурвусъат аст, ки бузургтарин ишқҳоро дар худ ҷой дода метавонад. Ишқе, ки бародари мо Абдуғаниҷон варзидаанд ба ҳунар ва зуҳури ҳунар дар симои Аҳмад Зоҳир, ҳақиқатан, аҳсант гуфтанист. Бубинед, ки мо дар албомҳо зерматнҳоеро мебинем, ки бо дасти хонандаи синфи нӯҳум навишта шудаанд. Маълум мешавад, ки воқеан барои касе, ки ҷӯянда аст ва ба монанди Аҳмад Зоҳир хона ба хона, кӯҳ ба кӯҳ, чӯ ба чӯ меҷӯяд, садде вуҷуд надорад. Ишқ худ ба худ раҳнамои ошиқ аст. Чароғе ҳаст, ки кӯчактарин, ториктарин зовияро барои одам равшан карда метавонад. Мисолашро мо дар хонаи бародари азизамон Абдулғаниҷон мебинем. Барои ман бисёр хушоянд ҳаст, ки ин ҳама дар канори рӯди барои мо азизи Кофарниҳон аст. Ҷои хуш обу ҳавое ҳаст. Ва ба назарам чунон мерасад, ки Аҳмад Зоҳир намурдаву ба ин ҷо меҳмон шудааст. Ва ин ҷо ба ӯ хуш омадаву дигар аз ин хона рафтан намехоҳад...".

пешина
аз 338
навбатӣ