Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Оилаатон? – ба кабина ишора намуда, дилтанг пурсид ў аз ҳамон мард.
– Бале, писарчаам, модараш...
– Мебарорем! – такрор кард Тўрон. Мард ба завқ хандид.
Тўрон дар бари ронанда истода, симтаноби мошинро ба трактор баст. Пас аз он ки вай маторро ба кор андохт, дар як савқи табиӣ аз умқи ҷигар «ё Алӣ!» – гўён тракторро ҳай кард. Мошин ду-се бор канда-канда ғуридаву такон хўрда, чархҳояшро аз чанги мағок озод канда гирифт ва аз қафои трактор кашола шуда, понздаҳ-бист қадам пеш рафт.
Тўрон тракторро нигоҳ дошт.
Мард тохта назди ў омад ва кию чикора буданашро пурсида, ҳамчунон дар табассум:
– Насиб бошад, минбаъд паҳлу ба паҳлу кор мекунем, – гуфт. – Ман шуморо ҳатман меёбам.
Сипас қафо гашта, ҷалд ба мошин савор шуд; дар пушти кабина рўи чодар нишаста, дарҳол гиребони чарминаашро бардошт.
– Ташаккур, бародар! – ин овози ронанда буд.
Вай симтанобро аз трактор кушода гирифту даста карда, ба чангакҳои шохмонанди пеши мошин баст ва кафҳои хунукхўрдаашро ба ҳам совида, дари кабинаро боз намуд… Мошин пас аз дақиқае ба раҳ даромада, аз паҳлуи трактор, ки Тўрон зуд дар ҳаракат оварда буд, гузашта рафт. Мард аз болои он як лаҳза ба ҷониби ў даст афшонд.
Чанд ҳафта баъд... рўзи истироҳат, қариби бегоҳ, ҳамон марди чарминапўш ва ҳамин Назар ногаҳон дар ҳавлии Тўрон пайдо шуданд.
– Дар хотиратон бошад, ваъда карда будам, ки шуморо ҳатман меёбам. Ана ман... – гуфт мард, дасти шахшўли Тўронро самимона фишурда.
– Хуш омадед!
Вай онҳоро, чеҳрааш сидқан шукуфон, ба дари меҳмонхона ҳидоят намуд.
Тўрон-тракторчӣ аз худи айёми ҷавонӣ Назарро хуш намекард. Он бегоҳ низ аз ҳузури ў дарун-дарун табъаш мекоҳид; бо вуҷуди ин сир бой надода, ҳурмати ана ин меҳмон гуфта, хурсанд обу ош фармуд.
Чарминапўш як марди батааммули ширинсухан баромад. Тўрон ҳамон шаб фаҳмид, ки вай котиби нави камитети партиявии ноҳия Олимов буда, он рўзе тифоқо дар миёни дара вохўрданд, оилаи худро гирифта, аз шаҳр ба ин ҷо кўчида меомадааст. Минбаъд... ситораашон пайванд ёфт магар, онҳо ба ҳам аҳди дўстӣ баста, аз ҳоли якдигар зуд-зуд хабардор мешуданд. Боре дар хонаи Тўрон-тракторчӣ ба дасти кадом нохалаф буд, ки як ҳодисаи бисёр паст рўй дода, ўро дар пеши Олимов мулзаму хиҷолатманд кард; замин накафид, ки дарояд. То ҳол вай он саҳари тобистонро дар ёд орад, гиребонашро дошта, ба худ мегўяд: «Агар фарзанди одам ба кўи бахилӣ афтад, рафту дар қасди ба пои касе табар задан бошад, аз ҳеҷ қабоҳат – қабоҳате ки ҳатто дар тасаввур гунҷиданаш душвор, рўй наметофтааст. Ман, охир, ҷави киро хом даравида будам, ки ба чунин номардӣ аз дўстам ҷудо кардан хостанд? Аҷаб, худои карим ба яке дил додааст, ба дигаре пораи санг...»
Он воқиа дар фасли тобистон ба вуқўъ пайваст. Бале, вақте ки Олимов (ҳамон шабу рўз баъзеҳо дар ҳаққи ў «мерафтааст, ба шаҳр... ба мансаби калон мерафтааст», – гўён пичир-пичир доштанд) тахмин пеш аз як моҳи дар Душанбе ба кор таъин шудани худ дар кадом ташвиш ба калхоз омаду бегоҳ, азбаски торикӣ фуромада буд, бозпас ба маркази ноҳия нарафта, дар хонаи вай, дар тахтакати саҳни ҳавлиаш хоб мекард, ногаҳон... Тўрон субҳи содиқ аз хоб хеста, дар замини рўидарича юнучқа медаравид, ки Олимов ўро аз ҷогаҳаш, аз болои кат, ба овози паст ҷеғ зад. Досу як қабза юнучқаи дасташро ба сўе монда, Тўрон зуд дар назди тахтакат ҳозир шуд.

пешина
аз 132
навбатӣ