Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

–Либоси ман нест...
–Ҳазл накунед, – бовараш наомада, гуфт ў ҳайрон. Олимов ба такяи кат ишора намуд.
–Ҳамин ҷо буд, лекин ана, гум...
Тўрон ба гирду пеши тахтакат чашм давонд ва дар ҳақиқат либосҳои ўро надида, ҳуш аз сараш парид; лоҷарам рангаш канд, ҳатто ларзид кам-кам.
Хаёлаш, ки замин аз таки пояш рафта, дунё дар назараш торик шуд. Вай беҳол ба як гўшаи кат нишасту гиребонашро маҳкам дошта:
– Тавба! – гуфт.
Пас аз лаҳзае парида аз ҷой хест.
– Шояд бачаҳо алалэҳтиёт...
Тўрон суханашро ба охир нарасонда, саросема хона даромад; занашро пурсид, бачаҳояшро пурсид, вале... маъюс ва дасти холӣ баргашт.
– Хафа нашавед, – ба шонаи ў даст ниҳод Олимов. – Гуноҳи шумо чӣ?.. Ба ақидаи ман ин кори ягон одами разил, касиф.
Мақсадаш дар байни мо хунукӣ андохтан...
– Вай сар ба болин гузошта, пешониашро каме молид. – Лекин кист ҳамон нохалаф?
Хайр... ҳар кӣ бошад, беҳуда кўшидааст.
– Наход аз ғазаби худо натарсад! – нидо кард оҳиста Тўрон, дар он саҳари ба фикраш бефайз… нахустин бор рост ба чашмони дўсташ нигариста.
Аммо ин сухани зоҳиран ороми ў дар асл фарёди пурнафрини шахсе буд, ки сахт таҳқир дида, дар ҷавоб гардондан ба чунин кирдори номардона лоилоҷ мондааст.
Олимов даст афшонда, гуфт:
– Дилатонро хун накунед, дўстам.
Садқаи сар... Аз чӣ хиҷолат мекашед?
Баръакс хурсанд шавед, ки дар ин дунё як одами шуморо бад медидагӣ ҳел-ҳел гаштааст.
Ҳарчанд сухани охирини ўро дуруст нафаҳмид, Тўрон қадре ба худ омад.
– Дар кисаатон ҳуҷҷат набуд?
– Не, – хандид Олимов. – Аламаш камтар... Хайр, ба гузашта салавот. Ягон пўшоки зиёдатӣ дошта бошед, биёред…
ман хезам.
Тўрон як шими обшуста, ҷома ва калўш овард.
– Акнун кӣ карду куҷо кард гуфта шиштан фоида надорад. Вақт ғанимат, аспро савор шуда, зуд хона равед. Аҳволро ба модари бачаҳо мулоим фаҳмонда, сарулибоси маро гирифта биёед. Лекин эҳтиёт бошед, ки аз ин ҳодиса ҳеҷ кас пай набарад, – гуфт Олимов ва ҷомаро ба китф партофта, вазнин поини ҳавлӣ рафт.
Ҳангоме ки либосҳои ўро ба хўрҷин андохта, Тўрон аз маркази ноҳия табъаш ҳамчунон хира бармегашт, дар назди идораи калхоз ба Назар рўбарў омад.
–Ҳа, Тўронбек, ин хел... аспи Олимовро савор шудаед?
Чашмони муғулиаш сарднигоҳ ва беқарор, Назар ҳар дам ба соқи мўзаи худ асабӣ қамчин мезад.
–Тўрон ба вай чӣ ҷавоб дод, ҳоло дар хотир надорад. Фақат ҳаминро медонад, ки гап ба гўшаш намедаромад, шитоб дошт. Бинобар ин ҳатто лаҷоми аспро накашида, аз пеши Назар беэътино гузарон шуд.
– Об, оо-б... – нола кард мўйсафед. Хаёли Тўронтракторчӣ қатъ гардид.
Воҳид фавран об овард ва сари падарашро беозор дар кафи даст бардошта, лаби пиёларо ба лабаш бурд. Вале мўйсафед ба ғайр аз як қулт дигар нўшида натавонист; чанд қатра оби ба гулўяш нарафта аз кунҷи лабони борик ва бехуни ў таровида, дар байни тораҳои ришаш гум шуданд.
–Ҳамсоя, – гуфт Назар, боз сар ба болин ниҳода.
Ин лаҳза Тўрон-тракторчӣ тахмин мекард, ки шаб аз нисф гузаштааст.
–Ҳамсоя, – гуфт такроран мўйсафед.
–Лаббай, – ба бемор назари суол дўхт Тўрон.
– Медонед шуморо ман барои чӣ ҷеғ задам?
– пурсид ў ва ҳамоно, чунон ки кадом узви баданаш сахт ба дард омада бошад, рўяшро каҷ карда, дуру дароз хомўш монд. Баъд забонаш гирифта-гирифта, худ ҷавоб дод: – Не, ҳам-м-м-соя, на-ме-е-до-нед. Ма-а-ан дар назди шу-мо... бо-оз ҳа-мон...

пешина
аз 132
навбатӣ