Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мўйсафед акнун ба чашмони пур аз ваҳм дар ҷогаҳаш беҳол ҷунбида, монанди оруе ки нохост ба кадуи холӣ ғалтидааст, беист ғингғинг мекард. Вай чӣ мегўяд, фаҳмидан мушкил буд.
Рангаш сап-сафед канда, Воҳид ҷаста аз ҷой хесту ба китфи падараш даст бурда, саросема ва ба овози ларзон такрор ба такрор пурсид:
– Додо, чӣ шуд? Додо... чӣ шуд, додо?
Кампири мўйсафед ангушт газида, чун як чўби хушк рост меистод. Аз чеҳраи пурожанги дардмандаш ғайр аз ифодаҳои аранг намоёни таҳайюр дигар чизе хонда намешуд.
Овози Воҳид ҳамчунон меларзид:
– Додо, чӣ шуд? Додо...
«Бечора, аз забон монд», – ақида кард Тўрон-тракторчӣ ва дасти Воҳидро гирифта, ба тамкин гуфт:
– Гузаред, додарам, дар ҷоятон шинед. – Сипас ба тарафи модари ў, ки ҳолаташро тағйир надода, чашмонаш бефарқ, гаранг ба шавҳараш менигарист, рўй овард. – Камакак пахта диҳед.
Пиразан як қад парид ва инак ба ҷои ангушт лаб газида, чун соя бесадо ба пешгаҳ гузашт. Вай фақат ҳамин дам ба ҳасрат пай бурд: даҳшати кайҳо боз дар пушти дар интизор, ки пиразан ҳар рўз нафаси сарди онро шунида, зуд-зуд метарсид, охири охирон зада ба хона даромадааст.
Тўрон-тракторчӣ пахтаро дар пиёла тар карда, ба ҳалқи мўйсафед об чаконд.
Аммо вай ба маънии «лозим не» сар ҷунбонд.
– Ором бошед, ҳамсоя, натарсед…
Мегузарад. Мўйсафед ба Воҳид чашм давонда, ба имову ишора болини худро нишон дод. Лекин писараш хоҳиши ўро нафаҳмид. Мўйсафед паҳлу гашт; дасташро ба зери болин бурда, соатро оҳиста гирифт. Баъд фурсате ба рўи Тўронтракторчӣ такдор нигариста, онро ночор дар наздаш монду гоҳ-гоҳ, то ки диққати ҳамсўҳбаташро сари вақт ба соат ҷалб кунад, дар ҷогаҳ ҷунбида, ангуштон ва чашму абрувонашро ба ҳаракат оварда, қариб ним соат гап зад.
«Ман дар пеши шумо гунаҳкорам, – мегуфт ў ба Тўронтракторчӣ. – Як замонҳо дар ҳаққатон бад карда будам.
Сабабгори ин ҳамон ҷўраатон Олимов...
Барои чӣ вай ба Тўрон, ба як тракторчии равғанолуд созу ба мани раис не? – гуфта, шабу рўз дарунамро мехўрдам. Чандин бор гўсфанд кушта, гарданам каҷ, ўро ба хонаам таклиф кардам. Лекин ҳар дафъа ягон баҳона ёфта, намеомад бачамард. Ҳаа, одами зирак буд Олимов, маро бисёр бад медид...»
Мўйсафед аз чеҳраи ороми Тўронтракторчӣ чашм наканда, боз ба худ мегуфт, ки «вай ба ғурунг-ғурунги фосиладори ман гўш диҳад ҳам, чизе намефаҳмад». Бо вуҷуди ин ба умеде ки шояд соатро шинохта, аз рўи ҳавлиаш гум шудани сарулибоси Олимовро ба ёд орад, суханашро идома медод. Ў намедонист, ки Тўрон-тракторчӣ ҳеҷ гоҳ он соатро дар дасти Олимов надидааст, ё дида бошад ҳам, дар хотир нигоҳ надоштааст.
«...Ҳамон рўзи охирин маротиба ба калхоз омаданаш низ ман ба Олимов гуфтам, ки як дам дар хонаам меҳмон шавад. Аммо вай «ташвиш накашед», – гуфта, бегоҳ дар пеши назарам ба ҳавлии шумо рафт. Ин кораш ба ман аз сад калтак сахттар расида, тамоми шаб хобам набурд. Ҷогаҳ бароям кафан шуда, нафасам тангӣ мекард. Шайтони раҷим аз сари китфам нафуромада, беист дар гўшам мехонд, ки наход ту баробари ҳамон тракторчии ифлос қадр надошта бошӣ! Наход нону оши ту ҳаром бошад!

пешина
аз 132
навбатӣ