УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агар орият дорӣ, агар мардӣ, бихез, ту ҳам иззати нафси онҳоро ба таки по андоз, ҳеҷ натавонӣ, ба хонаи дўстиашон футур расон!.. Ҳамин хел мегуфт, ҳамсоя, шайтони лаин. Ва ман ба гапи вай даромада, аҳмақ шудаму рўз сафедӣ назада, аз канори боғ ба ҳавлиатон гузашта, сарулибоси Олимовро дуздидам.
Аз кисааш ана ҳамин соати тилло ва камтар пули майда баромад. Ман бовар доштам, ки баъд аз ин воқиа худатон дар маломат монда, муносибати ҳар дуи шумо ҳатман вайрон мешавад. Вале чунин нашуд. Ҳатто рўзи дигар як зоти дар гапкашӣ беустухонро ба кор андохта, аз хонаи Тўрон-тракторчӣ сарулибоси котиби райкомро дуздидаанд... гуён дар деҳа овоза паҳн кунондам. Боз... агарчи як дафъа ба Олимов гўё дар омади гап «кори нағз нашудааст. Тўрон ҳамин хел одат дорад, ба таваккал худаш таҳ задагист», – гуфтам, низ фоида набахшид. Вай фақат рўй турш кард ва ба ман халонда, иғвогарӣ кори одами сиҳат не, раис…
гуфту норозиёна даст афшонд. Хулоса, шумоён боз ҳамон дўстони қарин будед...
Хайр, аз пушаймонӣ чӣ суд акнун?
Хубаш... ҳоло ин соатро гиред, ҳамсоя; соати Олимов ин! Ягон вақт гузоратон ба Душанбе афтад, ба фарзандонаш мерасонед. Ҳазор дареғ, ки либосашро супурда наметавонам; нест либосаш. Ман онро пас аз як соли дуздии худ дар бозори шаҳр ба хоки сиёҳ иваз кардам...»
Вай аз нав ба Тўронтракторчӣ соатро нишон дод.
«...Гиред, ҳамсоя, гиред. Аз гуноҳам гузаред.
Агар тавонед, розӣ шавед аз мани беимон. Як зарра бошад ҳам, аз ин дунё хотирҷамъ рафтан мехоҳам. Гиред, ҳамсоя, то метавонед, розӣ шавед...»
Тўрон-тракторчӣ гоҳ ба мўйсафед, ки нури беҳоли чашмонаш тадриҷан хомўш мегардид, ва гоҳ ба писару кампири ў, ки ҳар кадом ба таври худ дар таҳлука буданд, назари суол мепартофту маънӣ бурда наметавонист, – чаро вай ин қадар бетоқат шуда, маҳз соатро гаштаву баргашта нишон медиҳад?
Мўйсафед ҳолатро фаҳмида, ба имову ишора боз чанд дақиқа ғурунг-ғурунг кард ва базўр соатро гирифта, хост ба кафи дасти Тўрон-тракторчӣ гузорад. Вале он аз байни ангуштони борикаш, ки акнун ба ў итоат надоштанд, дар партави чароғи шифт хуш ҷило дода, ба рўи гилем афтид.
Мўйсафед як бор сахт нолиду дигар лаб накушод. Фақат ин ки чашмони фурўнишастаашро зич пўшида, хаш-хаш нафас мекашид.
Тўрон-тракторчӣ ҷонсарак шуда, ба ҳалқи мўйсафед каме об чаконд; соатро аз болои гилем бардошта, ба дасти Воҳид қапонд.
Вай онро бурда, беэътино ба пештахтаи тиреза монд.
...Мўйсафед, чунон ки аз тарс бошад, тахмин ду соат пас чашм кушода, мутаҳайир ба сақфи хона нигарист.
Пилкҳои заб-зардаш андак париданд.
Баъд... аз байни лабони ба ҳам ҷафсаш як садои пасти ҳазин берун омад, ки на ба нафас монанд буд, на ба оҳ...
«Даргузашт, ҷояш ҷаннат шавад», – гуфт дар дил Тўронтракторчӣ.
Кампири мўйсафед, ки аз ин ҳодиса гўё тарсида, лаҳзае чанд ҷунбида наметавонист, мисли гунги мудом дам назада, ба Тўронтракторчӣ як пора суф дароз кард. Вай онро гирифта, манаҳи ҳамсояи деринаш Назарро ба эҳтиёт баст. Сипас ба пилки дидаҳои бози ў, ки мамлу аз ифодаҳои ҳайрату пушаймонӣ шах шуда буданд, мулоим даст бурд. Аммо ҳарчанд ду-се бор кўшид, чашмони полудаи мўйсафедро пўшида натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё