УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

«Ё тавба! – нохост марги дўсташ Олимовро ба ёд овард Тўрон-тракторчӣ. – Вай, раҳматӣ, худаш ду дидаи ба назар ҳанўз бинояшро баста буд. Мегўянд, ки чашми майит кушода монад, аломати аз дунё норозӣ рафтанаш... Боз мегўянд, ки аксаран дидаи одами қалтабон... Наход ҳамин гап рост бошад?»
Баъд пилки чашмони саҳлнам ва торики мўйсафедро молида-молида, дар як азоб нимкора пўшиду аз сари болини ў оҳиста бархост.
Пиразан наменамуд.
–Додо, додоҷон... – мегирист Воҳид.
–Гиря накунед, додар. Марги падару модар мерос, – гуфт Тўрон-тракторчӣ ва дақиқае хомўш монда, илова намуд: – Хезед, тараддудатонро бинед, ман рафта пойкорро меёбам.
Вай кўча баромад. Ранги шаб парида, гирду атроф ором ва ҳаво салқин буд. Дар машриқ, аз канори осмони алҳол сияҳфом, дар байни ситораҳои сард ва тиратоб… як ахтари калони оташин танҳо дурахшида, ба замин наздик менамуд.
«Ситораи рўз», – гуфт ба худ Тўронтракторчӣ ва лаҳзае ба он чашм дўхт.
Ҳамин вақт аз ҷониби кўҳ боди сарсарии тирамоҳ вазида, ба рўи вай нофорам расида гузашт. Гузашту нури кавкаби дурахшон низ, чун чароғе ки дар раҳи шамол мондааст, як авҷ карда, зуд нопадид гардид; атроф ториктар шуд.
«Сабил... ситораи корвонкаш не... корвонкуш будааст, фиреб хўрдам, ҳоло субҳ надамидааст»,
– аз дил гузаронд Тўронтракторчӣ ва мўйсафедро, ки дар ин ҳангом аз хотираш рафта буд, боз ба ёд оварда, ногаҳон дар сараш хаёле ҷасту ҳайратомез гашта ба осмон нигарист: дар он ҷо акнун ситораҳо тобонтар буданд.
Ба ў чунин намуд, ки аз як ҷиҳат зиндагии мўйсафед ба дурахши назарфиреби ахтари корвонкуш шабоҳат дошт. Лекин аз кадом ҷиҳат, – Тўрон-тракторчӣ дар ин хусус фикр накард. Аниқтараш... фикр кардан нахост ва тезтез қадам партофта, ба тангкўчае даромад, ки то манзили пойкор мебурд. Вай раҳ мепаймуду торафт дилаш фишурда мешуд. Бечора мўйсафед... Баъд дар мадди назараш сурати гарми Олимов падид омад. «Ҳар кӣ бошад, беҳуда кўшидааст», – мегуфт ў, хаёлманд пешониашро молида.
«Рост, беҳуда! Ситора... ситораи фиреб», – пичирос зад Тўрон-тракторчӣ, хотираш парешон, дар миёни торикии тангкўча сабук даст афшонда.
Вай тадриҷан ба ҳавлии пойкори деҳа наздик мешуду фарқ карда наметавонист, ки дилаш дар ёди кӣ ин қадар реш аст ва аз барои чӣ ҳоло чашмони аслан тезаш ба ғафлат хира гардида, пеши пояшро дуруст намебинанд.
1973
ДОҒ
Дарвозаи мўйсафед кушода шуда, ба саҳни ҳавлӣ боз ҳамон марди тирарўи чашмони хокистариаш танг ва бурути маллааш ба ду тараф овезон, ки вақтҳои охир ба ин ҷо хеле кам меомад, оҳиста қадам монда, ба чор тараф назар давонд.
Модасаг ўро зуд шинохт ва дандон сафед карда, як ғуриду ҷаста ба по хест. Вале ҳамин дам мўйсафед аз хона баромада, ҷонварро, ки сахт ба ғазаб омада буд ва акнун худро ба сўи он марди тирарўй андохта, ниҳоят доғи дилашро шустан мехост, баногоҳ аз шасташ гардонд. Ва меҳмонро пешвоз гирифта, ба хона даровард.
Модасаг боз як ғуриду аламаш зиёда шуда, гашта дар ҷояш дароз кашид.
…Порсол инҷониб мўйсафед ба вай халал мерасонад. Дар ин муддат бори чандум аст, ки модасаг он марди чашмонаш танг ва буруташ овезонро дар ҳамин ҳавлӣ мебинад, аммо коре карда наметавонад. Чунки мўйсафед ҳамеша ҳозиру нозир шуда, ба вай ҳатман халал мерасонад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё