УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Хайр, ҳоло мебаромадагист!
Модасаг сари вазнинашро, ки беист ғуввос мезад, ба рўи дастонаш гузошта, дандонҳояш фишурдаву чашмонаш нам, дер гоҳ ба дари хонаи соҳибаш нигарист.
Хаёлаш ба рўзҳои гузашта пайваста, нолиду нолид, оҳ кашид, гирист.
Наход вай, ҳеҷ набошад, ўро нагазида...
аламашро наситонда, аз ин дунёи равшан чашм пўшад?
Не, не-е!
Баъд модасаг бархоста, оҳиста-оҳиста пеши дарвоза рафт, ки дар он ҷо як охури қўҳна буд. Лаҳзае ба қафо нигариста, касеро надид, шарфаеро ҳам нашунид…
Ва худро ба даруни охур гирифт.
Замонаш буд... аз ҳамин охур аспи хушфеъли муйсафед обу алаф мехўрд. Ҳоло муддатҳост, ки дигар он аспи пир наменамояд.
Куҷо шуд вай?
Модасаг дар интизори душманаш лўнда гардида, ба даруни охур мехобиду аз зўри қаҳр ва ҳисси оташини қасос дили пурғамаш сахт-сахт метапид, – гўё ғулғула мекард. Ҷонвар он айёмеро, ки дар ҳавлии мўйсафед хушу хурсанд мезист, ба ёд оварда, дар аввал ҳамааш нағз буд, мегуфт ба худ ҳасратомез, лекин баъд...
Айшаш талх шуд баъд. Ҳамин марди тирарўй талх кард айши ўро. Одам не вай, балки як балои қазо буд.
Ҳоло барояд, ҳоло аз пеши ин охур гузарад... Мўйсафед ўро албатта то дарвоза гусел намекардагист.
Рафту гусел кунад, чӣ? Не-е, не!
Модасаг медонад. Медонад, ки муомилаи соҳибаш ба он марди бадгуҳар сард шудааст.
Ё ба назараш ҳамин тавр метобад?
Ҳаргиз! Модасаг ба чашми худаш дида буд – мўйсафед ду-се бори охир то таки дарвоза гусел накард ўро. Яқин вай ҳам он марди хода барин дароз ва нигоҳаш дами корд барин тезро бад мебинад...
Ҳа-а, бад мебинад! Чунки вай ҳам як сол муқаддам шоҳиди сангдилии фарзанди одамизод буд.
Модасаг рагу паяшро бештар дарҳам кашида, боз нолид; нолиду нолид. Чашмони сурхаш ҳамчунон тар...
Ногаҳон шарфаи пой баромад. Ҷонвар гўш ба қимор шуда, ақида кард, ки танҳо як кас меояд.
Душманаш.,.
Вай акнун қариб нафас нагирифта, қариб нақши замин гардида, дар зери бори бисёр гарони интиқом, ки омехта ба дарди бедаво буд, раҳ мепоид.
Шарфаи пой наздиктар мешуд.
Дандонҳои модасаг гўё меёзиданд.
Пас шарфаи пой аз паҳлуи охур гузашт.
Ва модасаг... Парид!
Париду марди тирарўй сахт афтида, ба тамоми овозаш дод гуфт. Вале модасаг, ки дар ин лаҳза аз чашмонаш оташак меҷаст, асло натарсид. Баръакс – ба ҳар ду пои пеш ўро бештар ба замин пахш карда, мехост аз хирнояш гирад; дандонҳои тезаш ташнаи қасос буданд, ташнаи хун...
Мард ҳамчунон даступо зада, фарёд мекашид, имдод металабид; ҷонварро гоҳ аз сари синаву гоҳ аз пешонии паҳнаш тела дода, илоҷи халосӣ меҷуст.
Модасаг...
Вай паст намеомад.
Дастони мардро газида, гиребону остинҳои курта ва камзўлашро дарида, ҷандала мекард, ки ҳар чи зудтар ба хирнои ў дандон занад.
Ҳамин тавр онҳо ду ё се дақиқа часпу талош доштанд. Лекин на мард аз зери пойҳои модасаг раҳоӣ меёфт, на модасаг ўро аз хирнояш мегирифт, – гўё дар панҷа андохтан ҳар ду баробар буданд.
Бо вуҷуди ин ҷонвар аз нияти худ намегашт. Нохост аз тарафи хона овози мўйсафед баромад:
– Нарас, Холдор, нарас! Сар деҳ, Холдор, сар деҳ! Нарас гуфтам...
Ва модасаг ғазабаш бадтар аланга гирифта, дар ҳайрат дид, ки мард якбора хомўш шуд. Вай дигар муқовимат намекард. Чашмони хокистариашро калонкалон кушода, ранги рўяш пахта барин сафед, ба дандонҳои тези модасаг менигаристу аз ҷой намеҷунбид. Гўё ноилоҷ монда, «раҳм кун, аз гуноҳам гузар...» – мегуфт ба ҳамон чашмони пур аз тарсу тавалло.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё