УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Инчунин мўйсафед:
– Нарас, Холдор, нарас! Сар деҳ... – гўён дар арбада ба вай наздак мешуд.
Модасаг як дил кард, ки то расидани соҳибаш…
Ба хирнои он марди бераҳм дандон фишурда, ниҳоят аз ў қасдашро гирад.
Фурсат ғанимат, охир... Вале аз нав ранги кандаву чашмони қариб мурдаи душманашро дида, аҷаб, ки ба ин кор ҷуръат накард.
Ё аз нидои таҳдидомези мўйсафед тарсид? Балки раҳми худаш омад?
Шояд боз ягон чизи дагар ба вай монеъ гардид? Намедонад...
Ба ҳар ҳол ҷонвар аз шасташ гашт ва марди рўяш тираву чашмонаш акнун беҳисро дар ҳамон вазъ партофта, соҳибашро, ки ба онҳо тамоман наздик омада буд, чап дода, мингосзанон ба як кунҷи ҳавлӣ хазид.
Мард бархост... – мўйсафед аз ҷой хезонд ўро!
Бархосту гоҳ ба сўи модасаг ва гоҳ ба соҳиби вай нигариста, дар қаҳру заҳр баланд-баланд чиҳое гуфта...
Яқин таҳдид карда, дастонаш хуншор, гиребону остинҳояш дарида, шитобон аз дарвоза берун рафт.
Мўйсафед қафо гашт.
Ба айвон баромада, хаёлманд каме истод. Сипас ба ҷониби модасаг як назар давонду аз чӣ бошад, ки беҳол даст афшонда, оҳиста ба хона даромад.
Саҳни ҳавлиро сукунат гирифт.
Ҷонвар танҳо монд. Вай дир-дир меларзид. Нафасаш тангӣ карда, ёрои ҷунбидан надошт. Чашмонаш ғарқи об, дунёро тира медид. Дили бадардаш хала мезад; бенизом тапида, қариб мекафид.
Ҳавлӣ сокит буд.
Модасаг сар ба рўи дастонаш гузошта…
чун мурда беҳаракат мехобид. Дар гўшаш гуп-гупи ноороми дили афсурда, вай ҳоло бачаҳояшро ба ёд меовард.
Дар ин ҳавлии батартиб, дар паноҳи мўйсафеди меҳрубон ҷонвар се маротиба бача кард.
Имсол ҳам мезояд.
Ҳа-а, зоиданаш наздик... Вале акнун бачаҳояш дар куҷо бошанд, ба дари киҳо мегарданд, чӣ рўз доранд?
Ҳар сол, ҳамин ки ҷигарбандонаш чашм кушода, қувват мегирифтанд, мўйсафед онҳоро якта-якта бароварда, ба одамон медод. Модасаг аввал зиқ мешуд; пас оҳиста-оҳиста ба танҳоии худ одат карда, то метавонист, дар хизмати соҳибаш мегашт.
Порсол...
Порсол ҳам вай ба азоб зоид.
Баъде ки чор бачаи зебояш чашм кушода, дар атрофи модасаг парвона шуданд, ба дари хонаи мўйсафед яке аз паи дигаре боз одамон омаданд.
Ва боз онҳоро гирифта бурданд. Фақат алоякаш монда буд.
Шўх буд Ало! Орому қарорро намедонист. Аз субҳ то шом дар саҳни ҳавлӣ давидаву ғелида, хурсандӣ мекард. Гоҳ аз думи мўйсафед мегашт, гоҳ аз паи гурба метохт, гоҳи дигар, аксаран гушна мондан пас, дар гирду пеши модараш тор метанид. Мешуд, ки нохост худро ба миёни мокиёну чўҷаҳо зада, дар як лаҳза фиғонашонро мебаровард...
Аз ин бесарии Ало зуд-зуд қаҳраш ояд ҳам, модасаг бисёр мехост, ки вай мудом дар паҳлуяш бошад, мўйсафед ўро ба касе надиҳад.
Лекин...
Дер давом накард рўзи хуши онҳо!
Як саҳар ҳамон марди тирарўи чашмони тангаш хокистарӣ ва бурути маллааш ба ду тараф овезон, ки ҳоло модасаг аз вай қасдашро гирифта натавонист – раҳмаш омад, бале, раҳмаш... – дар ин ҷо пайдо шуда, ба мўйсафед хеле гап зада нишаст. Вақте ки бозпас мерафт, Ало баногоҳ аз паяш давид. Мард як баргашта, ба вай таҳдид кард...
Беақл буд Ало!
Ба таҳдида ў эътибор надода, мўзаашро бўид; дум ликонда, тохта аз пешаш гузашт; баргашта худро аз нав ба мўзаҳояш молид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё