УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Ва ба зарби яке аз ҳамон ду мўзаи сиёҳ фиғони ҷонхароше бароварда, чун тўб рафта ба девор зад. Пасон нақши замин гардида, боз – ин дафъа пасттар – фарёде кашиду ҳамоно хомўш монд.
Модасаг, ки баробари зарбаи мард аз ҷой ҷаста буд, ба чанд ҷаҳиш худро назди бачааш расонд.
Вале...
Акнун ҷон меканд Ало, балки мурда буд!
Мард наменамуд.
Мўйсафед дуртар аз модасаг моту мабҳут меистод... Ҳамин тавр шуда буд дар он чоштгоҳи офтобӣ.
Ҷонвар Алоро мебўиду мегирист, мебўиду мегирист. Ҳоло низ сар ба рўи дастони бемадораш гузошта… бачаҳояшро, махсусан алоякашро ба ёд оварда, хомўш ашк мерезад. Дар рўи ҳавлӣ касе нест. Осмон баланд, мусаффо, кабкабуд.
Офтобаки баҳорон нарм-нарм нур мерезад. Ҳама ҷо ором, тоза, об задагӣ барин...
Ногаҳон гулдуроси туфанг баромад.
Модасаг рост аз пешониаш тир хўрда, баробари қади худ ба ҳаво хест. Ҳангоме ки гўшҳояш чиппӣ гирифта, гашта ба замин меғалтид, хира-хира аввал ҳамон марди тирарўй ва хода барин дарозро дид, ки дар даст туфанг дошт; ба сари мили он ҳалқаҳалқа дуди сафед мепечид. Баъд мўйсафедро дид, ки аз дар баромада, айвонро тозон гузашта… ба душмани вай наздик мешуд.
Сипас Ало, алоякаш аз мағзи ҷигар фарёд кашид. Ва рўзи равшани баҳорон дар дидаи модасаг тира гардид.
1985
ИШҚИ АВВАЛ
Писарак дар синфи чорум мехонд. Вай як бачаи резаустухон, рангаш ҳама вақт каме парида, ниҳоят шармин ва камгап буд.
Бештар танҳоиро хуш мекард. Ба ҳар гуна бозиҳои ҳамсолонаш, ки аксаран дар саҳни ҳавлии бинои дуошёна ба шўру шааф сурат гирифта, баъзан соатҳо давом меёфтанд, қариб тамоман шарик намешуд. Аз ин ланҷиву дамдуздии ў падару модараш ғусса хўрда, ҳамеша мекўшиданд ягона фарзанди онҳо солим, ба мисли бачаҳои дигар хандону чаққон, кушодадил, ҳазлкаш ва ҳозирҷавоб бошад.
Бинобар ин...
Ҳар коре ки аз дасташон меомад, ба ҷон иҷро мекарданд – барояш хел-хел тўбҳои чармӣ, дучарха, чана, дурбин ва ғайра ашёи ба кўдакон хушоянд мехариданд; номашро ба рўйхати бачаҳое мегузаронданд, ки дар мактаб ё дар дигар ҷойҳои махсус ба тарбияи бадан машғул буданд.
Гоҳо ба чашмонашон ашк давида, онҳо тавалло мекарданд: вай зуд-зуд ба саҳни ҳавлӣ барояд – ҳавои тоза хўрда, дар қатори ҳамсолонаш бихандад, бидавад, гўштин гирад... Ё ҳеҷ набошад, субҳгоҳон дар хона ба варзиши бадан пардохта, тадриҷан бақувват шавад.
Писарак сар ба зер афканда, оҳиста «хуб»
мегуфту боз... Ҳамон тавре ки буд, Дар дунёи баасрори худ танҳо мемонд.
Аммо дар мактаб нағз мехонд.
Муаллимонаш мегуфтанд, ки вай бисёр баадаб, ростқавл ва муҳиммаш – ҷонибдори ҳақиқат аст.
Дар воқеъ...
Ҳамин хел буд писарак!
Мешуд, ки ягон рафтори нозеби бачаеро дида – хоса агар дар ҳаққи духтарак бошад,
– аввал ба сухан танбеҳ медод. Мабодо... он бача ба гапаш эътибор накарда, баръакс худи ўро дар зери ҳақорат гирад, пас дигар тоқаташ намонда, камзўр бошад ҳам, ба гиребони вай сахт мечаспид.
Писарак медонист, ки ҳаргиз ғолиб намеояд – шатта хўрда, баданаш, дасту рўяш сурху кабуд мешаванд, ё аз ин ҳам бадтар – даҳону биниаш ғарқоби хун мегарданд. Нағз медонист...
Лекин гиребони беадабро сар намедод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё