Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар як ҳоли зор ба хона расида, падару модарашро беш аз пеш обу адо мекард.
Писарак бар замми он ки дар мактаб ба баҳои аъло мехонд, боз...
Сурат мекашид.
Бисёр хуб сурат мекашид.
Дар байни тасвирҳои ў беш аз ҳама модараш…
Ва офтоби бузурги рахшону духтарчаҳои чилкокул ба назар менамуданд. Вай онҳоро дар кадом вазъе ки бошанд, хандон ба қалам медод.
Аммо худаш...
Ками дар кам механдид. Ғолибан хаёлолуд мегашт. Ҳатто баъзан... вақте ки дарс тайёр мекард, ё ягон китоби бадеӣ мехонд, ногаҳон аз ҷой хеста, пеши тиреза мерафту гўё шах шуда бошад, беҳаракат истода, Ба одамон,
Ба ҳавзи бетонии гоҳ пуробу гоҳ беоб... Ва ба дарахтони рўи ҳавлӣ...
Муддатҳо чашм медўхт.
Чунин менамуд, ки ў пайваста дар изтироб аст; чизеро фаромўш кардаасту дар сад азоб ба хотир овардан мехоҳад; ё гуноҳе дораду ботинан сўхта, намедонад онро чӣ тавр аз падару модараш пинҳон созад...
Ҳамин гуна буд писарак!
Ва ба чунин хислати доимиаш дар синфи чорум мехонд, ки баҳорон аз қабати дуюми бинои онҳо як хона холӣ шуд. Марду зани ба мўйҳояшон сафедӣ дамида ва хушфеъл, ки серфарзанд ва ба ў ниҳоят меҳрубон буданд, кўчида... ба қасабаи дигар, ба манзили васеътар рафтанд.
Рафтанду...
Пас аз ягон ҳафта ҷои онҳоро ҷуфти барои писарак тамоман ношинос гирифт.
Зану шавҳари ҷавон... Вай оҳ кашид.
Агарчи зан ба як дидан дар дилаш хуш омад, аз мағзи ҷигар оҳ кашид. Зеро... аз чӣ бошад, ўро бадбахт пиндошт.
Баръакси шавҳараш зан бисёр зебо буд.
Ҳангоме ки хиромон раҳ мерафт, ду гесуи қир барин сиёҳ, занҷир барин печону дароз ва хушбўи вай дар ҳавои қадаммониаш банизом бозӣ карда, қомати ниҳолвор нозукашро боз ҳам дилангез ба ҷилва меоварданд; чеҳраи чун шири багулоб марғубаш ғарқи табассум...
Вале чашмонаш,
Чашмони сиёҳи бодомӣ ва ниҳоят меҳрубони ў мағмум метофтанд; аз пушти мавҷи ба монанди ҳарири сафед шаффоф ва нозуки шодмониву лабхандаш ба атроф андешманд ва қадре парешон менигаристанд.
Шояд барои ҳамин писарак ўро бадбахт пиндошт. Эҳтимол барои ҳамин изтиробаш дуболо гардид.
Ва боз... Ягона шуғли писандидааш – сураткаширо баногоҳ тарк намуд.
...Рўзе аз хонаи зану шавҳари ҷавон аввал як ғалоғула бархост. Сипас ба гўши писарак овози баланди мард расид, ки носазо мегуфт, ҳақорат мекард. Фурсате нагузашта дар он ҷо чизе, шояд зарфе ҷарангосзанон шикаст. Баъд фарёди зан баланд гардида, оҳиста-оҳиста ба гиря табдил ёфт. Баъд...
Дигар садое шунида нашуд. Ва олам гўё ях баст.
Писарак дар банди ҳаяҷони сахт монда, рў-рўи хона ноором қадам мезад.
Падару модараш гоҳ ба вай, гоҳ ба ҳамдигар суоломез чашм давонда, намедонистанд чӣ кор кунанд.
Писарак дарун-дарун азоб мекашид; ашк нарехта, хомўш мегирист. Аз он ки хурд аст, камзўру лоилоҷ аст. Вагарна... Дар бадали як-ду моҳ дашноми бепардаи марду шикастани зарф ва чиросу гиряҳои талхи зан боз чанд бор такрор гардиданд.
Акнун писарак хобу хўрро фаромўш карда буд. Рангаш рўз то рўз заъфарон ва худаш беш аз пеш лоғар мешуд. Падару модар ҳоли ўро дида, аз аввала зиёдтар месўхтанд. Оқибат... дигар тоб оварда натавониста, як бегоҳ мардро танбеҳ доданд, ки минбаъд ин хел накунад – ба занаш даст набардорад, фарзанди бе ин ҳам ҳассоси онҳоро натарсонад!

пешина
аз 132
навбатӣ