Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Писарак бетоқат шуд.
Оби дидаашро ба муштчаҳои сардаш ситурда, дар як беҷуръатӣ ва шарму ҳаё поин фуромад. Аввал дар дами дар истода, қариб мижа назада, муддате ба сўи зан нигарист.
Аммо вай инро ҳис накард. Ақалан сар набардошт...
Баъд писарак аз паҳлуи ў ба харак нишаст. Чунон оҳиста нишаст, ки зан ҳатто наҷунбид – чӣ хел омаданашро яқин пай набурд.
Фақат мегиристу оби дидаашро пок мекард. Ва боз мегирист.
Дар саҳни ҳавлӣ ба ғайр аз онҳо дигар касе набуд.
Китфони хушқолабаш гоҳ-гоҳ дар шинухез… Зан аз пеши пояш ҳамчунон сар намебардошт.
Писарак бе ягон ҳаракат шах шуда менишаст. Намедонист, ки чӣ гўяд, чӣ тавр ўро тасаллӣ диҳад.
Ниҳоят вай...
Аз болои куртааш...
Пои сафед ва бисёр зебои занро маҳин сила кард.
Зан як қад парида, ба писарак нигарист.
Бари рўяш кабудтоб ва саҳле варамида буд.
– Ҳа-а-а?
– Ман... ма-ан шуморо... нағз мебинам.
– Чӣ?! – чашмонаш суп-сурх, аз ин ҳарфи писарак беихтиёр хандид ў.
– Рост мегўям... гиря накунед. Ягон рўз ман аз вай қасди шуморо мегирам. Фақат гиря накунед...
Зан дигар нахандида ва ҳайрон шуда, лаҳзае ба писарак назар дўхт. Гарми гарм буд нигоҳаш... Баъд зуд ба гардани борики ў даст андохта, сарашро ба сари синаи раҳми худ пахш кард. Ва аз нав гириста...
Ногаҳон бархосту шитобон ба хонааш рафт.
Писарак танҳо монд. Гўё мадад ҷуста, мурғи нимбисмил барин ба гирду атроф чашми умед давонд.
Вале ҳайҳот!
Пас нигоҳаш ба як лаби харак бархўрд, ки дар он ҷо то алҳол...
Зан нишаста буд.
Рўймолча…
Рўймолчаи гулобӣ, тар, ғиҷим, аммо муаттар… Рўймолчаи зан!
Чунон ки пораи оташ бошад, писарак онро ба эҳтиёт бардошт. Бўй кашид, ба лабони гарму ларзонаш расонд. Ва низ...
Бархоста, тозон ба хона даромад.
Рўзи дигар амакаш ўро ба деҳа, ба дунёи муҳаббати бобояш бурд.
Писарак дар охири таътил, дили интиқу интизораш ташнаи дидор, ба шаҳр баргашт. Аммо ба зан...
Вонахўрд!
Падару модараш гуфтанд, ки рўзи ба деҳа рафтани ў зан ҳам аз манзили шавҳараш ғайб зад.
Писарак боз гирист. Чунки на фақат сурати зиндаи зан... Балки ягона хотира
–
Руймолчаи шилшиладори гулобиро низ гум карда буд!
...Мард оҳ кашид.
Вай дигар он писараки рангпаридаи дамдузд набуд. Ва ҳоло, субҳгоҳон, баъд аз бисту ҳафт соли ин воқиа, дар хонаи гарм, Хонаи бароҳати худ...
Аз канори мизи пеши тиреза нишаста, дар рафти умраш... Шояд бори ҳазорум аст ҳамон зани барно ва ниҳоят бадбахтро аз нав ба ёд меовард.
Вале сурати ў дар гўшаҳои хотирааш фаромўш гардида буд. Битамом... Бо вуҷуди ин вай он рўи зеборо гўё печида ба як пардаи ҳарири сафед баръало медид; чунон ки қурси оташини офтобро аз пушти абри тунук мебинанд. Дар хаёлаш қомати на паст, на баланди зан ҳоло ҳам ниҳолвор нозук, гесувони марғуладораш хушбўй, чеҳраи покизааш хандон. Чашмонаш...
Лекин чашмони бодомии сип-сиёҳ ва мисли чоҳ амиқи ў ғамандуд метобанд.
Мард боз оҳ кашид.
Дар берун барфи парешон меборид.
Поғаҳои калон-калони сафед, ки пати кафтарро мемонданд, дар чанги ҳаво печутоб хўрда, беозор ба замин мефуромаданд. Шохаҳои урён ва сияҳгуни дарахтони рўи ҳавлӣ...
Дили мардро, ки аз хоб хестан баробар қариб ним соат ба тарбияи бадан машғул шуда, худро бардам ҳис мекард, инак қадре фишор медоданд, сим-сим ба дард меоварданд.

пешина
аз 132
навбатӣ