Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Бахташро ёфта бошад?» – пичирос зад ў зери лаб. Ва дар як варақи барф барин сафеди дафтари болои миз беихтиёр чунин навишт:
Ба пиндорам, ки дунёи мани хурд, Ҳама дарди дили дар изтиробам, Набуд беш аз пати кафтар, ки ҳоло Бипечад дар дами боди ҳавасҳо...
Инро навишту аз худ шарм дошт.
Вай, охир, шоир не, балки коргар аст, як коргари қаторӣ– бетон мерезад, хишт мечинад, андова мекунад... На вазнро медонад, на қофияро. Лекин баъзан ҳамин тарз, шояд барои тасаллои ҳавои дилаш...
Нанавишта наметавонад. Боз...
Гоҳо сурат ҳам мекашад.
«Бахташро ёфта бошад?» – хаёлан гашта ба сўз такрор кард мард.
Омехта ба як дарди аз овони кўдакӣ дар тану ҷонаш қарин басо муассир буд ин такрор.
Қаламро дар ҷояш гузошта, вай оҳиста бархост.
То ки ба ошхона рафта, чой монад.
Ҳамин замон духтарчаи мактабхонаш бедор мешавад. Занаш дар сафар...
1985
ЗИНДАГӢ
Марди нобино қариби офтобшинам ба соҳил меомад. Регу сангрезаҳои гарм дар зери пояш мулоим ғиҷирос мезаданд… Вай гўё шах шуда, ба садои баҳр ҳушёр гўш медод. Ва чеҳраи каме заҳираш ба талоши мавҷҳо эҳтимол ҷавоб мегардонд: то абад силсила бошед, аз ҳам канда нашавед!
Агар ба шарафи баҳр ягон ҳайкали ёдгор гузоштан лозим меомад, хоросанги бузургеро ман ба сурати маҳз ҳамин марди нобино табдил медодам…
Вай кафшашро ба як савқи табиӣ аз пой мекашид; ҷуробашро ҳам кашида, таҳ карда, батартиб болои он мегузошт. Ва оҳиста…
Ба об медаромад.
На дар чеҳраи коҳидааш, на дар ягон ҳаракаташ чизе раҳмовар набуд.
Ман баҳрро медидам…
Вай онро мешунид! Ва табиаташро, гумон мекардам, аз ман беҳтар ва бештар медонист…
Сиррашро амиқтар мефаҳмид.
Тахминам, ки ҳатто метавонист онро ифшо созад.
Чаро ў ба соҳил фақат қариби бегоҳ меояд? Дар куҷо зиндагӣ мекунад? Ба кӣ?.. – кунҷковиам боло гирифта, ба худ чунин суолҳо медодам.
Ва баъзан маро дар дил хоҳише пайдо мешуд, ки аз паи ў рафта, ба ин ҳама суолҳо ҷавоб ёбам.
Вале марди нобино батамкин қадам монда, аз соҳил чунон ҷиддӣ дур мегардид, ки ман филҳол аз хоҳиши худ даст мекашидам. Бигузор ин сир бароям ниҳон монад…
Дар яке аз рўзҳои пайваста офтобӣ, тарафи бегоҳ – вай, охир, ҳамин вақт ба соҳил меомад – ман ўро надидам.
Бегоҳи дуюм ва сеюм низ…
Ва аз чӣ бошад, ки пай бурдам: вай дигар намеояд.
Ҳамин тавр рўзгори бароям номаълуми як марди нобино аз бари ман ба муаммо гузашт. Мисле ки соат ба соат умри одамӣ мегузарад…
Аз он айём ҳашт соли дароз сипарӣ шуданд. Ва муддати ин солҳо дар ҳаёти ман воқеоти зиёде рух доданд.
Лекин…
Ҳангоме ки аз пастиву баландиҳои зиндагӣ дилтанг шуда, равонам тазйиқ меёфт…
Ман чашмонамро пўшида, он марди нобиноро пеши назар медидам. Ва аҷаб – баҳр ҳам дар хаёлам нобино метофт.
Кўр метофт.
Шояд дар ҳақиқат чашми басират надошт. Бинобар ин… Мавҷҳои беҳисобашро паёпай ба соҳил меандохт.
То раҳораҳ бидонанд, ки санг чисту харсанг куҷост.
…Баъди ҳашт сол инак ман боз дар канори Баҳри Сиёҳ истироҳат мекунам…
Ҳаво гарм буд. Чанд рўзи охир ҳатто аз сӣ дараҷа боло мешуд. Дар сатҳи баҳр мавҷе ба назар намерасид. Обаш ҳар ҷо-ҳар ҷо ҷило дода, як оинаи бузурги беҳадду канорро мемонд, ки аз қазо шикаста, Ба ҳазорон пора тақсим гардидааст.

пешина
аз 132
навбатӣ