УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Ва агар мижа назада, то даҳ-дувоздаҳ дақиқа ба он чашм дўзед, дар пеши чашматон тадриҷан ранг бадал мекард, – сияҳгун мешуд.
Аз шинои тўлонӣ гўшҳоям ғуввос зада, ба соҳил баромадам. Аммо хаёлам, ки дар соҳил низ баҳр оҳиста алвонҷ медод маро…
Баданам хушк шуда, ба ҳамлаи нурҳои тези офтоб дигар тоқат карда натавонистам.
Ва маҷбур либос пўшидам; аз миёни онҳое ки тани урёни худро дар болои реги гарм, Дар зери анвори сўзон…
Лоқайд тоб медоданд, дар шитоб гузашта, Ба кўчабоғи сафедорони баланд дохил шудам. Он ҷо саросар сояву салқин буд.
Хоҳише надоштам, ки ягон тараф равам.
Масалан, ба тарабхона, ба сайри кўҳ, ба тамошои филм… Умуман коре кардан намехостам.
Аз ин рў ба як хараки пуштакдор нишаста, чашмонамро пўшидам. Муддате пас монанди пари қу сабук шудам. Ва дар торикӣ рангинкамонро дидам.
Гўё баръало…
Гумон бурдам устухони фарзанди одамизод ҳамеша чунин сабук ва худаш аз рўзи азал хушбахт аст.
Воқиан, инсонро баъзан ҳолате рўй медиҳад, ки дарундарун меболаду дигар ҳеҷ чиз намехоҳад.
Гўё карахт мегардад, шах мешавад. Ва аз кадом гўшаи вуҷудаш як садои бесадо бармеояд: кош то охири умр аз ин вазъи ҳаловатбахш берун намерафтам!
Аҷаб ширину андешавор буд оромии кўчабоғ. Заврақҳои бодбондори сатҳи баҳр…
Шабпаракҳоеро ба хотир меоварданд, ки болҳои худро бардошта, ба ҳам ҷафс кардаанд.
Дар хаёлам як қувваи бузурги осмонӣ маро ба мағз андар мағзи олами сукут ва ҳаловат қарор дода буд…
Ногаҳон дар паҳлуям пирамарде нишаст.
Хирос мезад. Нафас аз гулўяш ба азоб ва номураттаб берун меомад. Тани хомфарбеҳаш яқин роҳат металабид.
Чунон ки ба нафасгирии худ гўш меандохта бошад, лаҳзае чанд хомўш буд пирамард. Сипас як оҳи вазнин кашид ва эҳтимол дигар ба тазйиқи сукунат тоб наоварда, нарм пурсид:
– Дам мегирӣ?
– Бале, – нохоҳам ва кўтоҳ ҷавоб гардондам ман.
Охир, ҳаловати худро аз даст додан аламангез мебуд. Пирамард ба он рахна заданӣ…
– Хуб мекунӣ, – гуфт ў, дубора оҳ кашида.
– Ман ин ҷо наменишастам, ба ту халал ҳам намерасондам. Лекин… хаста шудам.
Пиригарӣ, мадорам намондааст.
– Шинед… бемалол, – гуфтам ман.
Ва машғуш аз дил гузарондам, ки хайр…
Гап занад; ҳар қадар бештар гап занад, ҳамон қадар зудтар меравад.
Ниҳоят маро ба ҳоли худ ва оромии атроф… Танҳо мегузорад.
– Биҳиштанд ин ҷойҳо; биҳишти ҳам ин дунё, ҳам он дунё, – гуфт пирамард, ки нафас гирифтанаш акнун ҳамвор мешуд.
Ман ҷавоб надодам, фақат беэътино сар ҷунбондам.
– Биҳишт, – оҳиста такрор кард ў. Ба дараҷае оҳиста, ки гўё метарсид – ҳоло ба даҳонаш мезананд.
Ман мижа кашидам.
Ба он маънӣ, ки хоҳиши лаб кушодан надорам…
– Ин ҷоро нахустин бор соли чилу чор дидам, – гуфт пирамард. – Маҷрўҳ шуда, яъне тир хўрда… дар госпитал мехобидам.
Падарам аз худи Таллин хабаргирӣ омад.
Намедонам аз дидори ман… ё сабабаш дигар буд, ки ба ҳар ҳол гирист. Биҳишт дар он дунё не, ана… дар ин ҷо будааст гуфта, оби дидаашро пок кард. Хуллас, вай гашта рафту ман қарор додам: то дами марг дар соҳили ҳамин баҳр мемонам. Ва мондам. Баъд хонадор шудам. Акнун худат мебинӣ… умрам мисли бод мегузарад. Се писар тарбия кардам, панҷ набера дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё