Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Айни вақташ, ки дар сояи давлати онҳо рўзи равшан бинам. Лекин… гирифтор шудам оқибат – беморӣ сахт азоб медиҳад. Базўр мегардам…
Пирамард якбора гирист.
Ман даступо хўрдам, – чӣ хел ўро дилбардорӣ кунам? Кайҳо боз аз гуфтани суханҳои муқаррарӣ, ки аслан сарданд, беҷонанд…
Даст кашидаам.
Ғайр аз ин оё сухан метавонад ғами инсонро пурра таскин бахшад?
Не-е-е…
Ман беихтиёр ба ашки пирамард шарик шудам. Аммо табиат…
Он манзараи зебое ки мо ба вай рўбарў менишастем, аз дарди пирамард хабар надошт, парво ҳам намекард – суруд мехонд, механдид, меболид.
Ва хушбахт буд.
– Мурдан намехоҳам, – гуфт пирамард. – Умри одамизод ин қадар кўтоҳ!
«Бале, бисёр кўтоҳ», – нолаи ўро дар дил мусаллам донистам ман. Ва лаҳзае дар қайди андеша монда, ақида кардам:
эҳтимол маънии зиндагӣ низ дар ҳамин бошад, ки инсон хуб мефаҳмад – умраш чун барқу бод…
Меояду шитобон мегузарад! Ў бархост.
– Ман акнун равам.
Ва аз харак як-ду қадам дур шуда, мисли он ки чизе ба ёдаш омада бошад, таққӣ истоду…
Ба ман рўй овард.
– Эҳтиёт бош, писар. Мо аз носомониҳои зиндагӣ худамонро худамон бемор мекунем. Ҳа-а, худамон… Хайр, худо ёрат бод!
– Ташаккур, – гуфтам ман ба хаёли парешон.
Пирамард боз оҳ кашид ва ҷуссаи вазнинашро гўё кашола карда…
Бар дўшаш бори гарони беморӣ, Дар гўшаш садои марги ногузир…
Ба раҳе пой монд, ки ҷониби фароз мерафт. Ман аз қафои ў дер гоҳ назар кардам.
Ва чашм пўшидам…
То вазъи аввалаи худро дарёбам. Вале дигар натавонистам ба он оромиву ҳаловат, ки чанд дақиқа пеш ҳузураш маро муяссар гардида буд, аз нав пайванд бигирам.
Чашм кушодам, –
Офтоб тобону осмони болои баҳр мусаффо. Раҳе ки пирамард ба он мерафт…
Дар азоб мерафт, То худи фароз холӣ.
Кўчабоғи сафедорони баланд ғарқи сояву салқин… Нохост диламро як панҷаи оҳанин гўё ба қабза гирифт; тахтаи синаам каме ба дард омад. Ва ман дар ҳасрат фикр кардам, – Фардо ба Душанбе рафта, боз аз паи ташвиши зиндагӣ мешавам; боз ба ҳамон коре машғул мегардам, ки аз бало бадтар мебинам; аз якрангиҳои муҳит пайваста азият кашида, боз намедонам сарамро ба кадом санг занам; аз дарди маоши андак, ки ба он аҳли оилаамро таъмин кардан ҳеҷ мумкин нест, дарун-дарун боз ғам мехўрам.
Ба қавли пирамард фардо ман ба дунёе меравам, ки аз носомониҳо дар зиндагӣ одам худашро худаш бемор мекунад.
Худаш…
Ҳоло чӣ?
Дар мадди назарам баҳри бекарон метобад.
Баъд пирамарди беморро мебинам, ки аз марги лобуд ниҳоят метарсад.
Ва он марди нобиноро, ки на дар чеҳраи қадре заҳираш, на дар ягон ҳаракаташ чизе раҳмовар вуҷуд надошт. Вай муҷассамаеро мемонд саропо аз муҳаббат ва эътимод...
Пас мутаҳайир гумон мебарам, – баҳр низ бемор аст, кўр аст!
1987
ШАБЕ ДАР РОҲ
Сайроб, сайри об...
Дар ҳақиқат номи деҳа ба худаш муносиб афтидааст. Ривоят мекунанд, ки дар замонаш мардуми гирду атроф ин ҷо ба сайри об меомадаанд. Чун ба як идгоҳ...
Сайри об... Шояд сари об бошад?
Ҳоло ҳам ду чашмаи калон-калони дуртар аз чанори солхўрда, ки аз онҳо қариб ним санг оби сарду зулол ҷорист, пур аз моҳианд. Ҷонварон ҳама якранг буда, бемалол шино мекунанд, аз ҳузури одам ҳаргиз намегурезанд. Мегўянд, ки то имрўз ба ин моҳиҳо дасти инсон нарасидааст. Ва аз ҳама аҷибаш – дар бадали солҳо калон ё хурд шудани онҳоро низ касе намедонад.

пешина
аз 132
навбатӣ