УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

...Чангу гарди либосамро афшонда, дар поиноби чашмаҳо дастурўй шустаму ба умеди ягон мошини раҳгузар дар хараки назди чойхона нишастам. Аммо қасд кардагӣ барин аз ин мавзеи ҳамеша серҳаракат ҳоло мошине намегузашт. Газики қаҳваранг, ки ҳангоми аз автобус лакот фуромаданам дар ҳамвории қади кўча меистод, ҳанўз дар ҷояш буд. Ҳеҷ не ки зоте ба наздаш ояд.
«Соҳиби он дар куҷо бошад?» – ба андешаи шояд то Бойсун равад, аз дил гузарондам ман.
Ҳамин дам аз ошхонаи рўбарў чор кас берун омаданд. Яке аз онҳо ҷавони лоғарандоми миёнақад буда, дар тан куртаи чорхонанусхаи остинкўтоҳ ва шими хокистарранги обшуста дошт. Се нафари дигар дар либоспўшиву фарбеҳӣ як себи ду тақсим буданд.
Онҳо сўҳбаткунон оҳиста-оҳиста ба газик наздик шуданд. Ҷавон, ки бе шубҳа ронанда буд, дари мошинро кушода, ба ҷониби ман як назар андохту ба ҳамроҳонаш чизе гуфта, дар қадамҳои устувор наздам омад ва хушҳол салом дода, фавран пурсид:
– Агар хато накунам, ту Абдулло?
– Бале... – гуфтам ман.
– Аз Душанбе омадӣ?
– Ҳа-а...
– Хонданат чӣ хел?
– Бад не.
– Бойсун меравӣ албатта?
– Ҳа, Бойсун...
Ман ўро баробари он ки ногаҳон ва хурсанд ба наздам омад, шинохтам. Номаш Ғанӣ. Се сол пеш, аз рўи гапи мардум, барои авбошӣ ба муддати ду сол ҳабс шуда буд. Азбаски ману вай фақат шиноси салом-алейкем, ба суолҳояш дар як навъ худдорӣ ҷавоб медодам.
– Биё, мо ҳам Бойсун рафтанӣ, – гуфт Ғанӣ бидуни чашмдошт ва ҷомадончаамро бардошта, маро аз оринҷам гирифту ҳамроҳи худ ба тарафи мошин бурд.
Яке аз он се мард, ки эҳтимол хўҷаини газик буд, ба саломи ман дар ҷигот ҷавоб гардонда, ба рўи Ғанӣ нигоҳи маънидор афканд.
– Ин кас писари Салим-амаки оҳангар, – табассум кард Ғанӣ. – Савоб мешавад. Ҷой ҳаст...
– Ҳамин тавр?.. Хайр, майлат.
Ғанӣ чаққон гузашта, ба сари фармон нишаст. Ман аз қафо ҷой гирифтам.
Мард ба ҳамсўҳбатонаш мағрур хайрухуш карда, худро дар нишастгоҳи паҳлуи Ғанӣ партофт.
– Роҳи сафед, рафиқ Иброҳимов! – гуфта, он ду нафар ба навбат дасти ўро фишурданд.
Баъде ки Иброҳимов ба сараш ишораи «рафтем» кард, Ғанӣ мошинро ба ҳаракат овард.
Ин дам як лаби қурси офтоб дар пушти теғаи кўҳи Фарҳод фурў рафта буд.
Газик ба як виз-визи мутассил талу теппаҳои канори раҳро қафо партофта, ба сўи Бойсун метохт.
Иброҳимов, ки ширакайф буд, дар ҳавои гашти мошин мувозинаташро нигоҳ дошта наметавонист. Ҷуссаи фарбеҳаш ба ин тарафу он тараф вазнин алвонҷ мехўрд. Аз ваҷоҳаташ барфу борон мерехт.
Пас аз он ки тахмин понздаҳ-бист километр тай задем, Иброҳимов, гўё аз хоби ғафлат бедор шуда бошад, ба Ғанӣ рўй ниҳода:
– Қафо гардон, – гуфт. – Саримаск меравем. Сабил монад, қариб буд фаромўш кунам.
Ғанӣ аз чунин амри ногаҳон як лаҳза даступо хўрда, газикро дар шаст пас гардонд.
Ба замин пардаи нилгуни шом мефуромад.
Ба чеҳраи сиёҳтоби Ғанӣ ҳам, ки раҳораҳ ба ман аз ину он гуфтугў мекард, хафагӣ соя афканда буд. Вай дигар гап намезад. Дар ҳолате ки панҷаҳои шахшўли шамоллесидааш чанбари фармонро маҳкам медоштанд, андешаманд ба пеш менигарист.
Вақте мошин ҷониби Саримаск гашта, ба дараи танге дохил шуд, атрофро торикӣ фаро гирифта буд. Раҳ пурчангу вайрон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё