УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Хамгаштҳои хавфнок ва нишебу фарозҳои носози он Ғаниро бесаришта мекарданд.
Газик аз зери шахҳои овезоннамо ва харсангҳои ғелам-нағелами дара чун косапушт хазида, вазнин ба кўҳи Фарҳод мебаромад.
«Дар бемаҳал мардак ба ин тарафҳо чӣ кор дошта бошад? Шояд назди чўпонҳо равад?» – меандешидам ман, як ба Иброҳимову як ба Ғанӣ нигариста. Зеро касони чорводор дар фасли тобистон рамаҳои худро одатан ба марғзорҳои салқину сергиёҳи бағали кўҳсор меронанд.
Гумонам рост баромад.
Иброҳимов дуртар аз се-чор каппае ки дар қариби кўрроҳаи пурсанг воқеъ буданд, мошинро боздошта, оҳиста фуромад; рў ба онҳо дар салобат ва бешитоб қадам партофт... Ва филҳол ба пешвозаш марде баромад, ки ман дар партави равшании дами дар ришу бурути сиёҳи ўро хира мушоҳида кардам. Мард ба ду дасти адаб Иброҳимовро истиқбол гирифта, ба каппаи аввал ҳидоят намуд.
Ман ва Ғанӣ, ки ҳамчунон хомўш менишаст, дар мошин танҳо мондем.
Ин ҷо ниҳоят серун буд. Боди сарде ки аз қуллаҳои баланди рўбарў сарозер мевазид, пайкари касро меларзонд. Пас аз фурсате марди ришдор омада, моро ҳам зуд ба сўи он манзил бурд.
Дар оташдоне ки аз мобайн гирд кофта буданд, ҳезуми бурс часар-часар сўхта, бўи хуш мебаровард. Дар болои алав ба чўби заранги дар ҳаччаҳои ду бари оташдон андармон қумғони пуробе овезон истода, сахт меҷўшид. Дар атрофи алав озод чорзону зада, Иброҳимов ва боз панҷ нафари дигар менишастанд.
Баъди он ки ба ману Ғанӣ аз пеши дар ҷой нишон доданд, марди ришдор ба Иброҳимов наздик шуда, оҳиста чизе гуфт.
Иброҳимов низ ҷуссаи ногунҷонашро дар болои кўрпача андак ғундошта, ба гўши вай пичирос зад.
Чўпонҳо дарҳол зиёфат оростанд.
Иброҳимов гўшти бараи ҳил-ҳил пухтаро ба иштиҳо фурў мебурд. Шахси аз тарафи росташ нишаста (мардак сарчўпон будааст) ба вай аз чойники пахтагул камкам арақ кашида медод. Ва худро чунин вонамуд мекард, ки онҳо чой менўшанд.
Ҳар ду ба алфози қабеҳ ҳозиронро гоҳ-гоҳ дар мазоҳ низ мегирифтанд.
Марди ришдор наменамуд.
Вай тахмин пас аз як соат пайдо шуда, ба Иброҳимов дар тамаллуқи ошкоро:
– Тайёр, – гуфт ва сари зону нишасту аз табақ поре гўшт бардошта, кордашро аз ғилоф кашид.
Иброҳимов, ки дар дасташ пиёлаи арақ буд, ба ҷониби Ғанӣ такдор нигарист ва ба ишораи чашм ҳамон мардро нишон дода, нимғурма гуфт:
– Ин кас қатӣ як берун баро.
Марди ришдор гўшти гирифтаашро, ки ҳанўз ба даҳон набурда буд, дар лаби дастархон гузошт ва тохта хест.
Ғанӣ ҳамроҳи ў аз каппа баромад.
Фурасти як пиёла чой нўшидан нагузашта, Иброҳимов бархост. Аз паи вай ман ҳам ба по шудам.
Чўпонҳо Иброҳимовро то назди мошин гусел карданд. Марди ришдор он ҷо дар паҳлуи Ғанӣ меистод. Ҳангоме савор шудем, ногоҳ ба димоғам бўи гўшти хом нишаст. Баъде ки сарчўпон ба Иброҳимов даст дода, сафари бехатар хосту ба тарафи ман, ақалан аз рўи таомул, ҳатто назар наафканд, Ғанӣ мошинро ба кор андохт.
Газик равшании тези чароғҳои худро, ки синаи зулмотро дарида мерафт, дунбол мегирифт.
Аз байн қариб ним соат гузашт.
Иброҳимов, ки яқин маст шуда буд, сарашро ба лаби тирезаи вози мошин такя дода ва хур-хур нафас кашида, бепарво хоб мекард. Шамоли раҳ соябони кулоҳи хасинашро мунтазам бозӣ медоронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё