УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Як вақт ў бедор шуда, даст ба сараш бурд ва парешон ба Ғанӣ нигариста, тунд пурсид:
– Канӣ?
– Чӣ канӣ? – нафаҳмид Ғанӣ.
– Кулоҳам канӣ мегўям, кулоҳ...
– Ман надонам...
– Ту кай боз намедонистагӣ шудӣ?
Очаи зори ту барин намедонистагиро нишон медиҳам!
– Чӣ ин қадар мағал мекунед?! Ман, охир, кулаҳбони шумо не-ку...
– Набошад, ту кистӣ?.. Дониста мон, бача:
ба ман шофире ки кулоҳи соҳибашро намедонад, дар ду дунё лозим не. Худи пагоҳ кафшатро ба пешат рост мекунам.
Ана баъд чор тарафат қибла. Лекин ҳозир...
аз таки замин бошад ҳам, кулоҳи маро меёбӣ.
– Шамол бурдагист. Дар ин зулмот аз куҷо ёбам?
– Меёбӣ!
– Шаб аз нисф гузашт... Ман надонам, ки он сабил дар кадом гўр афтид.
– Ту бисёр машмаша накун, бача...
Забонат хеле дароз шудагӣ барин, а?!
Барои ман кўтоҳ кардани ин хел чизи касиф ҷудо осон... Мошинро қафо гардон!
– Раис... рафиқ Иброҳимов, – гуфт ба тамкин Ғанӣ, – худатон медонед, ки занам касали вазнин. Имрўз мехостам барвақттар расам, ваъда карда будам.
Чашмаш чор будагист... Агар розӣ бошед, пагоҳ аз магазин ягон кулоҳи нав харида медиҳам. Илтимос, тезтар равем.
– Ман ҳоло аз ту тамаъ кардам? Аз ҳисоби ту шофири чиркин ба ин сари азиз пўшам, а?.. Бас, ландаҳур, қафо гардон.
Тезтар! – дўғ зад Иброҳимов.
Ғанӣ ноилоҷ мошинро пас гардонд.
Дастонаш қадре меларзиданд. Хаёлам, ки дар чашмони мешиаш аз ботин партави як аланга рў гирифта буд.
Иброҳимов, чун оташе ки ба ғарами хас печидааст, аз дамаш намефуромад. Аҷаб коре! Ман ҳам бехабар мондаам кулоҳи вай куҷо рафт.
– Ту барин шофирҳои қайсарро дар ин умри худ бисёр дидаам. Қариб ҳамаашон ба ман ақл шудан мехостанд. Лекин онҳоро дар ҷояшон чунон шинондам, ки то алҳол ба по хеста наметавонанд. Туро ҳам...
– Ин қадар натарсонед, – ба заҳрханди ошкоро таҳдиди ўро бурид Ғанӣ.
– Ман туро аз турма одам шуда омадагист гуфта, риши сафеди падаратро ҳурмат карда, аз дари раҳм ба кор гирам, ту ҳанўз ҳамон Аҳмади порина будаӣ...
– Шумо ба турма шудани ман кордор набошед. Гуноҳ ки доштам, ҷазоямро дидам.
– Рост мегуфтаанд: хар ба Макка равад ҳам, хар аст. Ғанӣ даршаст тормозро пахш карда, як лаҳза ба Иброҳимов чашм дўхт. Мисле ки нафрати худро вай ба ҳамин нигоҳ баён доштан мехост.
Пас ҷаста аз мошин фуромад; дари онро аз тарафи Иброҳимов кушод ва дона-дона карда, гуфт:
– Ту, охир, аз ман сад бор бадтар-ку! Дузд ҳам ту, ҳаромхўр ҳам ту, занакабоз ҳам ту...
Агар ихтиёри ман мебуд, ба дастат фақат каланд медодам. Фуро аз мошин, зудтар! То ҳамин вақт тоб овардам – бас, об аз сарам гузашт.
– Ту сагбача чиҳо мегўӣ?
– Худат сагбача! Аммо рафту ман сагбача бошам ҳам, ҷавобгари ин мошин ҳастам. Бигузор хўҷаини ғадангашро дар куҷоҳо партофта омадааст гуфта, боз турма кунанд. Фуро гуфтам ба ту, фуро-оо!
Иброҳимов, ки эҳтимол гумон надошт моҷаро то ба ин дараҷа мерасад, аз ваҷоҳати Ғанӣ якбора ҳушёр шуд. Дар рўи фарбеҳи суп-сурх ва чашмони тангаш аломатҳои тарсу ҳарос падид омаданд.
– Заданӣ ҳастӣ?
– Фуро гуфтам!
– Майлат, гир аз гиребонам, зан. Лекин пагоҳ ба худат душвор мешавад...
Иброҳимов маҷбур фуромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё