Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғанӣ дигар чизе нагуфта, ба ҷояш гузашт ва дари мошинро сахт пўшида, даст ба чанбари фармон бурд. Газик такон хўрда, ба раҳи омадааш баргашт.
Ин кори Ғанӣ маро лол карда, дар як ҳолати ногувор андохт. Вай хомўш мошин меронд. Ман намедонистам ўро чӣ тариқ ба гап гирам.
Ниҳоят, ҳангоме ба нишеби Сакиртма расидем, Ғанӣ... тавре ки ба худаш мегуфта бошад, дар алам ба забон овард:
– Тавба! Ғирбол ба офтоба хандидааст, ки сўрохи бисёр дорад. Мисли ин вай ҳам ба ман механдад. Раис, а!.. Ҳеҷ не ки нафси бадашро лаҷом занад. Масалан, ҳоло дар мошин гўшти як гўсфанд ҳаст. О ин сирф ғорат-ку!
– Хайр, ака, асабӣ нашавед. Гоҳ чуну гаҳ чунон гуфтаанд, – ўро тасаллӣ додан мехостам ман.
– Тоқатам оқибат рафт, додар. То кай виҷдонамро дар азоб монда, дуздиҳояшро даму дуд ба хонааш бурда медиҳам? То кай ғуломи зархарид барин дўғу дарангашро бардошта мегардам?!
Ба ман як лаҳза чунин намуд, ки ин гуфтаҳои Ғанӣ дар қаъри дилаш кайҳо ба низом даромада, то берун шаванд, фурсати муносиб меҷустанд ва ҳоло...
Пасу пеш рў гирифта, аз дарди вай ҳикоят мекунанд.
Қариби субҳидам ба манзил расидем.
Ғанӣ мошинро дар қади раҳ нигоҳ дошт. Ва халтаи гўштро сари китф андохта, ба қадамҳои устувор сўи биное рафт, ки дар пештоқаш «Шўъбаи корҳои дохилӣ...» навишта шуда буд.
Дилам ноҳамвор тапида, ман дар эҳтироми зиёд ва як хайрхоҳии омехта ба изтироб аз қафои ў нигоҳ мекардам.
1967
ТАЛОШ
Дар як бегоҳирўзи моҳи саратон, баъде ки офтоби сўзон соатҳои дароз шаҳрро тафсонда, ниҳоят ба ғуруб мерафт, ду марди аз овони мактабхонӣ ба ҳам дўст дар чойхонаи айвонаш кушоди лаби кўл нишаста, бафурсат чой менўшиданд.
Синни онҳо тахмин аз чил гузашта, ба мўи сарашон тор-тор сафедӣ дамида буд. Ҳар ду ҳам – яке зиёинамо, дуюмӣ эҳтимол коргар... яқин аз қабили ашхосе буданд, ки пасту баланди зиндагиро хуб медонанд. Ва бе иллату миннат заҳмат кашида, ҳалолу покиза рўз мегузаронанд.
Дар катҳои дигар низ одамон ду-ду, се-се нишаста, байни ҳам сўҳбат ороста, гуфтаву хандида, фориғ чой менўшиданд.
Аз самаворхона ба гўш нолаи пурсўзи най мерасид, ки аз ишқи бадфарҷому чароғи мурдаи фарде ҳикоят мекард...
Сипас ба атроф навои дилситони дутор паҳн гардид.
Муассир буд садояш, ҷоншикор буд.
Қурси офтоб рў ба қуллаҳои баланди кўҳсор оварда, тадриҷан сурх шуда, порапора абрҳои сафеди дар роҳаш лангар ниҳодаро сўзонда, чун ҳама вақт...
Ба ғуруб мерафт.
Ва гармо аз шасташ мегашт.
Насими фазои кўл, ки дар муқоиса ба ҳавои даруни шаҳр албатта форам аст, акнун, дар ин бегоҳи айёми саратон, боз ҳам форамтар мешуд.
Чойхона пур аз лаҳни мусиқӣ буд, пур аз сўҳбати гарму шодмонӣ...
Марди зиёинамо ва дўсти дар эҳтимол коргари ў баъзан арақи сару гардани худро ба рўймолча пок карда, ҳамон чой менўшиданд; чои сабзи ташнагишикан, хушбўй... Ва бештар хомўш буданд.
Дар сатҳи муҷаллои кўл ҳар ҷо-ҳар ҷо заврақҳои зард, сурх, сабз...
Ором шино мекарданд.
– Вай чӣ инсон аст, ман ҳеҷ нафаҳмидам, – гуфт марди зиёинамо, ки тақрибан ним соат қабл маддаи дилашро кафонда, то алҳол вазнин сукут меварзид.
– Худат медонӣ, панҷ панҷа баробар не...

пешина
аз 132
навбатӣ