УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Одамон ҳам дар дунё ба ҳар ранганд. Зиёда ғам нахўр... – гуфт андешаманд дўсти эҳтимол коргари ў ва пиёлаи чойро дар болои қолин гузошта, аз киса сигарета баровард.
– Медонам, ҳатто ана... мебинам, ки панҷ панҷа баробар не. Лекин обро ин қадар лой карда, моҳӣ доштан чӣ? Беинсофӣ ҳам, сабил монад... ҳад доштагист! То ба ягон мақсади ифлоси худ расад, ё ягон каси ба табъаш номақбулро азоб диҳад, каждум... аз ҳеҷ пастӣ рўй наметобад. Ҳафтае нест, ки баҳонаи росту дурўғ ёфта, айши маро талх насозад; ба асабам неш зада, умрамро сўҳон накунад... Касбаш – соф иғво, аризакашӣ, дасиса, тўҳмат. Дар идора ҳама аз вай метарсанд. Зеро медонанд, ки лозим ояд, ҳатто модари худашро аз ҳар ду сина меовезаду мижааш хам намехўрад. Раҳм, шафқат, виҷдон... эҳа-а! – аз ин чизҳо таҳтан хабар надорад. Кофир асту бас... Хулоса, чанд сол боз ман дар панҷаи нопоки вай озор мебинам. Аз он боис, ки бемазҳабиву ноинсофӣ барин ҳама айбашро, кулли фиребу найрангашро фош мегўям... Ана баъд оташ мегирад, бештар аз паи қасос мегардад... Ҳамкорон ба ду чашми сар мебинанд, ки вай ҳеҷ гоҳ вазифаашро аз сидқи дил иҷро намекунад. Аммо дар маҷлису маҳфилҳо... ҳай-ҳай! – чунон булбул мешавад... Заҳматкаш, поквиҷдон, баору номус, ҷоннисор ва ғайра – танҳо худаш! Аз ин гуна шармандагӣ чашмони бозигарат сўрох шаванд, хуб нест?! Ҳатто раҳбарамонро муттаҳам кардан мехоҳад.
Хулоса, одам не вай... бало! Балои моҳи сафар...
– Ҳамон раҳбаратон кӣ будани ўро намедонад?
– Медонад! Нағз медонаду илоҷашро ёфта наметавонад.
– Сабаб? Охир, қонуни меҳнат ҳаст дар ҷамъият, аз номаш коргар талаботи муайян ҳаст...
– Қонунро одамон тартиб медиҳанд. Одамони зинда...
– Яъне чӣ?
– Яъне ин ки, таҳташшуур бошад ҳам, аз барои рўзе осон шудани мушкили зоти худ дар ҳар кадоми он рахна низ мегузоранд.
Ҳанўз ягон кори ҷаҳон мукаммал нест.
– Шояд, аммо ахлоқу одоб, ниҳоят адлу инсоф барин...
– Эҳа! – дубора сухани дўсти ба эҳтимол коргари худро бурида, бедимоғ даст афшонд марди зиёинамо. – Дар пеши ин қабил одамон аз адлу инсоф гап зану рўзатро бин! Ман ба ту гўям... вай мисли моҳӣ: ҳамин ки ба чанг афтид, бехабар мемонӣ, ки чӣ гуна липпӣ халос хўрда, фиғонатро то осмон бурда, боз ба об рафтааст...
– Қандашро занад! Ҳарчанд афсўс, ки чунин зотҳои касиф ҳамеша дар ҳаёти мо ҳастанд.
– Нестанд! Бошанд ҳам, аз ҳазор якта...
– Бигузор гарданд.
– Дунёро олонда?!
– Ман аз раҳматӣ падарам ҳикояте шунида будам.
– Хайр...
– Вай дар бачагиам ба кадом муносибат маро панд дода, ҷиддӣ гуфта буд, ки боре дар ниҳоди як марди ширфурўш ногаҳон ҳисси фиребу ҳаваси пули бедардимиён боло мегирад. Ва саҳарӣ ба шираш қариб нисф об ҳамроҳ карда, пас бозор меравад... Ҳини бозгашт дар лаби рўде нишаста, ба ҳаловат дастурўй мешўяд, ширин-ширин об менўшад. Баъд ҳама пули он рўз ёфтаашро шумурда, қаноатманд ду тақсим карда, инаш пули шир, инаш пули об... гўён якеро ба киса меандозад, дигареро дар бағал мезанад. Ва хандида, хушҳол бармехезад. Лекин... ҳангоме қомат меафрохтааст, пули бағалаш афтида, ҳамоно ба об меравад. Мард гаранг шуда, дар канори рўд як дам меистад. Дар аввал қадре таассуф ҳам мехўрад. Ниҳоят... тавба, пули шир ба шир, пули об ба об будааст гуфта, дар банди ҳайрат даст меафшонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё