УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Ва аз худ хиҷолат кашида, сараш хам, вазнин роҳи хонаашро пеш мегирад...
– Ва он мард дигар касеро фиреб намедиҳад. Ҳамин тавр?
– Шояд.
– Олам пури фасона!
– Худаш чӣ?
– Сарбаста мегўӣ.
– Аслан худаш ҳам фасона.
– Лекин рост.
– Ба ҳар ҳол мағзи ҳикояти раҳматӣ падари банда ин аст, ки маккорӣ, бухлу ҳасад, ҳаромхўрӣ, хиёнат, найранг ва ғайра хислатҳои пасти инсонӣ ҳеҷ гоҳ суд надоранд. Дар кадом сурате ки ба кор раванд, оқибат боз ҳамон як натиҷа – вой!
Ҳатман...
– Медонам.
– Пас ин ҳикоятро ба вай нақл кун.
– Садқаи чунин панду андарз шавад он нобакор! Аздусар хулоса намебарорад...
– боз даст афшонд марди зиёинамо ва як-ду қулт чой нўшида, табъаш хира, беихтиёр ба паҳнои кўл нигарист.
Ва онҳо аз нав хомўш монданд.
Навои дутор қатъ гардида, акнун ҳофизе дар сўзу гудоз суруд мехонд; суруди фироқ...
Дар сатҳи кўли кабуд заврақҳои рангоранг, ки баъзе аз онҳо бодбон доштанд, ҳамчунон ором шино мекарданд.
Марди эҳтимол коргар гоҳ-гоҳ ба дўсти мағмуми худ сабук назар афканда, хаёлманд сигарета мекашид.
Нохост нигоҳи ў ба об бархўрд.
Дар қариби соҳил, дуртар аз айвони кушоди чойхона, ки пояҳои он то ба қаъри кўл рафта, дар худ устувор меистоданд, рў-рўи оби дар ин ҷо сабзтоб, дар оғўши резамавҷҳои лағжон як қурс нони шикастаи танўрӣ маҳин-маҳин лапида, ҳайрон шино мекард. Вай фалла шуда буд. Канор наҷуста, гўё ба ҳалқа гирифта, дар гирдаш якта-нимта баргҳои бед, тортор алафҳои зери об, чўбчаву хаспораҳо ва ҳатто... пасмондаи ду дона сигарета, ки кадоме бепарво партофтааст, низ сабук печутоб мехўрданд.
Аз байн ягон дақиқа гузашта ё нагузашта, аз зери об моҳичаҳои бисёр хурд, ки аксарият ғужби ангури ҳусайнии дур аз ток тирашударо мемонданд, ногаҳон берун омада, аз чор тараф ба қурси нон часпиданд. Онро паиҳам тела медоданд. Ба ҷаҳду ҷадал гоҳ савори резамавҷҳо шуда, гоҳи дигар ночор дар мобайн ғелида, як мағз-ним мағз бошад ҳам, аз гирди нон насиба мегирифтанд. Ҳарис буданд моҳичаҳо, чусту чолок буданд...
Ва он торафт мекост, хурд мешуд.
Даме ки қариб нисфаш монд, аз гавди кўл як моҳии нисбатан калон, дар ғафсӣ на камтар аз ду ангушт, тирвор боло ҷаста, худро дар байни моҳичаҳо зад. Ва селаи онҳоро зуд гурезонда, аз нон луқмае гирифту бозпас зери об рафт.
Вай ҷастан баробар моҳичаҳо дафъатан пайдо шуда, боз ҳам якдигарро тела дода, ба пораи нон дубора ҳуҷум оварданд. Нон мелапид, метапид; дар доираи талоши моҳичаҳо... аз сари як резамавҷ ба сари дигаре мегузашт. Баъзан гирд мегашт, камтар поин мерафт. Ва аз нав рўи об баромада, аз моҳичаҳо лат мехўрд; гоҳо аз тазйиқи села чаппа мешуд. Ва ба такони резамавҷе боз боло меҷаҳид. Лекин аз калобаи он ҷонваракони ҳарис...
Раҳо наёфта, лаҳза ба лаҳза мекоҳид.
Марди эҳтимол коргар ҳамон ба кўл менигарист.
Дўсти зиёинамои ў низ аз гирудори моҳичаҳо хаёлманд чашм намеканд.
Баъд...
Он моҳии калон бори дуюм падид омад.
Ва худро аз нав дар байни села зада, филҳол парешонаш карду ҳамоно ба пораи нон часпид.
Дар миёни якта-нимта баргҳои бед, тортор алафҳои тираи зери об, чўбчаву хаспораҳо ва ҳатто пасмондаи ду дона сигарета...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё