УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Лекин ҳоло...
Метарсад вай, бисёр метарсад.
Мабодо ки тўъмаи оташи сўзони барқ шавад; ё ин шохборони шадид ба гирди решаҳояш рахна андохта, аз фарози шах сарнагун созад...
Вай, охир, ба мурдан розӣ нест!
Чун як рўз, як сол, даҳ сол... сад сол муқаддам боз рўи гарми офтобро дидан мехоҳад; дар ин баландии баланд боду боронҳоро сипар шуда…
Ба чор ҳадди дунёи равшан хушу хурсанд назар дўхтан мехоҳад.
Боз...
Вай бисёр мехоҳад аз ҳоли арчаҳои дигар – Додарони саропо зебои худ, ки дар синаи кўҳи Фарҳод реша давонда, ба ин сангистони тира нуру сафо мебахшанд, пайваста огаҳ бошад.
Зеро аз ҳамаи онҳо калон аст… Бародар аст.
Вай инро яқин медонад!
Аз оташи барқ тарсида, аз гулдуроси раъд ларзида, дар зери борони сахт шоху баргҳояш хамбида, ба чунин хаёлҳо мерафт арчаи пир.
АММО намедонист, ки ривоят мекунанд...
...Дар замонҳои қадим ҷавони навхате аз кадом як чашмаи кадом як гўшаи олам Оби ҳаёт нўшида, умри абад ёфтани ҳазрати Хизрро аз забони падари мўйсафедаш шунида, пас аз андешаҳои зиёд...
Ба ҷустуҷўи он чашма баромад. Дили поку нияти нек дошт ў!
Пои пиёда бисёр кўҳҳои осмонбўсу сербарфро пушти сар карда, аз бисёр дарёҳои хурду бузург гузашта, бисёр дашту биёбонҳои сўзонро дар азоби алим паймуда, баъд аз чандин зимистону баҳор...
Дар як канори ин дунёи гирдгардон… Билохир ба сари Оби ҳаёт расид.
Ва хурсанд шуда, аввал хост, ки зуд ташнагӣ шиканад.
Вале ҳарос гирифт ўро.
Тарсид, ларзид...
Аз он тарсиду ларзид, ки ҳоло ин оби азизро нўшида, фақат худаш умри беинтиҳо меёбад.
Мақсадаш, охир, дигар буд!
Ҳар мушкиле ки бошад, вай мехост Оби ҳаётро ба одамон расонад; якҷоя ба онҳо нўшад. То ҳама баробар умри абад бинанд, маргро фаромўш созанд...
Дар банди чунин андешаҳо кўзаашро пури об карда, ба ҷаҳду ҷадал қафо гашт.
Вале акнун вай он ҷавони навхат набуд.
Умри беҳтаринашро дар кўи душвори Оби ҳаёт зарразарра ба боду борон ва гармову сармоҳо дода, қариб пир шуда буд.
Бо вуҷуди ин, дар як даст кўзаву дар дасти дигараш асо, пайваста қадам мезад.
Вай боз кўҳҳои баландро мегузашт, дарёҳои тезобу дашту биёбонҳои тафсонро мегузашт.
Ниҳоят...
Пири фартут шуда, дар ин раҳи беинтиҳо ва пурбим асояш сўзану кафшаш ғирбол гардида, ба кадом арчазор расид. Ва аз ғояти хастагӣ хобаш бурд.
Ҳамин вақт аз куҷое як зоғи ташна парида омаду дар лаби кўза нишаста, ба даруни он нул зад; Хеле минқор зад.
Даме ки сер шуда, шоду бод ба ҳаво мехест, кўза чаппа гардид…
Обаш ба таки арча рехт!
Марди пир, ки дар замонаш ҷавони навхат буд, аз хоб бедор шуда, ин ҳолро диду аз зўри алам гириста-гириста, ҷон ба ҷаббор супурд.
Мегўянд, ки ҳамон боз зоғ сад сол... Арча ҳазор сол умр мебинад.
Чунки Оби ҳаёт тақсим шуда буд. Дар байни зоғ ва арча...
...Барқ ҳамчунон оташак афрўхта, раъд паёпай наъра мекашид.
Шохборон аз шасташ намегашт.
Арчаи бисёр пир ва танҳо дар кафи бақуввати шахи яклухт гоҳо такон хўрдаву аз нав ба худ омада, аз эҳсоси тарс раҳо намеёфт. Мабодо ки аз ин баландӣ сарнагун шавад, несту нобуд гардад!
Вай ҳоло беш аз пеш мехост ҳамвора дар ҳалқаи додарони зебояш бошад, дар паноҳи онҳо зинда монад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё