Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нохост шамшери барқ дар садои даҳшатангез ба фарқи шах давида, санги бузургеро аз ҷояш канду оварда, Ба танаи арчаи пир зад.
Он зарба то ҳаде шадид буд, ки вай ҳамоно ба як тараф хамбид.
Тапид, ларзид,..
Аммо дар чунин вазъи хатарнок боз қомат афрохт; ба раъду барқ ва боду борон боз дастбагиребон шуд.
...Ниҳоят субҳ дамида, тундар гўё ба хоб рафт. Шохборон тадриҷан қатъ гардид.
Акнун ҳатто бод ҳам намевазид.
Инак арчаи пир наҷот ёфта, нафаси озод мегирифт. Ба монанди уқобе ки дар зери борон мондааст, оҳиста шоху барг афшонда, сар ба осмонҳо мекашид…
То зудтар чеҳраи гарми офтобро бинад.
Қиссаи ҷавони навхату Оби ҳаёт ва оқибати онҳоро вай намедонист.
Намедонисту…
Ҳама решаҳои дар синаи шахи бузург газ ба газ фурўрафтаи худро…
Чун рагу паи инсонҳо ба кор андохта, ба дарди ҷонгудози захми танаш мардона тоб оварда, бисёр мехост дар оғўши ин дунёи зебо, ки ҳамин замон пур аз анвори заррини Офтоб мешавад, – Ҳазор сол зиндагӣ кунад… Сад ҳазор сол зиндагӣ кунад!
1985
ҚАЗО
Вақте ки тирамоҳ ба поён мерасид, Вақте ки дарахтон охирин баргҳои заъфаронии худро ба замин мерехтанд, Вақте ки дашти холиву боғҳои хилват пур аз зоғони ҳарис мешуданд, – Ҳамин вақт...
Ў нафаси маргро шунид.
Аз сари болинаш меомад ин дами наҳс.
Як рўз не, як рўз ҳама мемиранд. Аз қазо набояд тарсид. Зеро ҳеҷ кас умри абад надорад. Лекин бемори ноҷунбон шуда, дар рўи бистар дуру дароз интизор кашидан... Ин албатта хуб нест.
Азоби алим аст ин!
Пирамард воқиан ҳам дар панҷаи азият буд. Қариб аз ҳуш рафта, гоҳо дар зулмоти як олами бегона ғарқ шавад, гоҳи дигар…
Ба монанди тарошаи сарсон дар ҳалқаи гирдоб, Гўё ба такони сахте аз он берун меомад.
Олами бегона аҷаб ва дар айни замон моломоли шиканҷ буд. То ки гашта ба зулмоти вай наафтад, пирамард танҳо аз чашмони худ мадад мехост. Бинобар ин нигоҳи бағоят хираашро, Чун нигоҳи одами ташна ба об...
Аз чароғи шифт намеканд. Метарсид, ки рафту мижа кашад, филҳол ба вартаи он олами ношинос меғалтад.
Дуртар аз ў писару духтараш ба хоб рафтаанд,
– шабҳои дароз дар сари болини пирамард нишаста, лакот шудаанд.
Мадорашон намондааст...
Агарчи пилки чашмонаш бисёр вазнин буданд, ў ҳама рагу паяшро ба кор андохта, аз чароғ чашм намеканд, – Ба марг тан намедод. Одамон…
Дар бар ҷомаҳои мотам, Дар даст асо, Ба даҳони гўр менигаранд. Сипас тоб хўрда, ба пирамард назар медўзанд. Ва зуд ғайб мезананд. Дар ҷои онҳо фақат чашмонашон мемонад. Чашми бисёре...
Чун мўру малах аз тиреза ба сўи бемор хазида, пешонии ўро мемоланд; баданаш якбора сард мешавад…
Пирамард тарсида, дар азоб чашм кушод. Даст ба гарданаш бурд ва шаҳраги онро ба нўки ангушти ишораташ, ки сахт меларзид, пахш кард. Ва аз дил гузаронд, – Гардани лоғари ў ҳамин ҳозир аз китфаш ҷудо мешавад.
Пас омадааст Азроил...
Пирамард дар банди чунин андеша буд, ки нури чароғ аз пеши назараш лағжид, гўё асло вуҷуд надошт.
...Ва ў як дашти ҳамвор, бавусъат ва ташнаро дид. Вай об металабид; дар зери офтоби сўзон ларзида, мехост сабзаҳои беҳолро ба худ фурў барад; аз оби тани онҳо… кам монда бошад ҳам, қадре ҷон бигирад.

пешина
аз 132
навбатӣ