Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пирамард шудгор мекунад. Аммо аз фишори ташнагӣ ҳалқаш ба дараҷае хушк шудааст, ки аз ҳол рафта, дастаи сипорро дошта наметавонад. Барзагавҳо низ аз бори гарони ин дард ёрои ҷунбидан надоранд; лаб ба замин бурда, рутубати онро бў мекашанд, ба ҳамин гўё ташанагӣ шикастан мехоҳанд. Вай дигар тоқат карда натавониста, дастаи сипорро беихтиёр сар медиҳаду…
Дар миёни дашт... Болои шудгор меафтад.
Ва дашт ўро сўхта, ба хокистар табдил медиҳад.
... Равшании чароғ пирамардро аз беҳушӣ, аз вартаи олами аҷаб ва ношинос берун овард.
«Ман дар он дашт чандин бор аз ташнагӣ мурда будам.
Худои карим фаромўш накардагист».
Аммо вай боз беҳуш гардид.
...Модар дар кунҷи ҳамон кулбаи вайрона нишаста, дар сари зонувон як пора матои сафед, дар даст риштаву сўзан, зери лаб суруд мехонад. Ва он суруди ғамангез ҳоло дар фазои хона паҳн шуда, то ба самъи пирамард мерасад. Суруде ки дар айёми кўдакӣ модар махсус барои ў мехонд...
Пирамард мегиряд, қалби афсурдааш латма мехўрад. Ба кафи даст ашки шашқаторашро пок мекунад.
Модари дилафгор…
Суруди вай то ба мағзи дили писар раҳ мекушояд. Ва ҳама дарди бемор низ баробари суруд гириста, Ғарқи ашк мегардад.
Инак модар ҷониби дар меравад.
Ва азобу уқубате ки дар қалби пораи пирамард маскан доранд, якҷоя ба он суруди пурандўҳ…
Аз дар берун мешаванд.
...Чароғи шифт боз равшанӣ медиҳад.
«Модарам аз он дунё омада, мехоҳад ба марги ман – фарзанди нобоисташ...
бигиряд. Шояд худои раҳим ба вай иҷозат додааст...»
Ба ПОЙҲОИ пирамард сардӣ медавид. Дард мекарданд пойҳояш.
Вай мехост кўрпаи дигарро боло кашад. Аммо
ПИЛКҲОИ вазнини чашмонаш аз нав ба ҳам часпиданд.
...Ба гўши пирамард садои ба санг бархўрдани путк мерасад. Ва санг майдамайда шуда, пораҳои он дар бистараш фурў мерезанд. Чанд ҷои сари ў кафида…
Ба рўяш,
Ба болинаш хун метаровад. Чорпанҷ дандоне ки дорад, Шикаста...
Аз даҳонаш меафтанд; Ба сари синаи лоғараш меғалтанд.
…Пирамард чашм кушод.
Аз хонаи худ ҷаста буданд чашмонаш. Тарсовар буданд!
«Ният доштам, ки ба мазори модарам ҳатман санги мармар мемонам. Лекин солҳо гузаштанду дасттангӣ имконият надод. Ё бемеҳр будам?.. Худоё худовандо, гуноҳамро омурз. Ту, охир, раҳимӣ!»
Инро гуфту боз ба вартаи зулмот афтид.
...Аз баландӣ ба сараш ҳазорон хўшаи гандум мерезанд. Гоҳо банд-банд...
Мерезанду гўр мекунанд ўро.
Сўкҳои дашнавор тез баданашро мехарошанд, Ба даҳонаш медароянд, Ба гулўяш...
Ниҳоят аз дарун ба қафаси синааш расида, Чун сўзанҳои дар оташ сурхгардидаи бешумор шушашро ғирбол карда, Оқибат...
Аз чор тараф ба дили фигораш мехаланд.
…Пирамард чашмонашро, ки тамоман бенур шуда, инак мемурданд, Дафъаи чандум буд... Кушод.
«Қиронбек як баҳор ҳамроҳам ҷуфт ронд.
Ба вай ду халта гандум ваъда кардаму тирамоҳ... надодам. Ҳоло ҳамон гандум мекушад маро».
Пирамард зўр зада, мехост ниҳоят овоз барорад; духтару писарашро бедор карда, ба онҳо бигўяд, ки пеш аз марги ў, агар натавонанд… баъди гўру чўбаш ба Қиронбек ду халта гандум диҳанд.
Вале овоз аз гулўяш берун наомада, дар ҷисми пирамард ба мисли сурби тафсон паҳн гардид.

пешина
аз 132
навбатӣ