Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай забони сиёҳашро бароварда, ангуштонашро ба даҳон андохт…
То ки овозашро кашида, аз гулў берун ниҳад.
Аммо ҷоғаш ба ҳам пайваста, ангуштони ўро ба исканҷа гирифт. Ва пилки чашмонаш чун сарпўши сандуқ...
Гўё тақарос зада,
Ба якдигар бархўрданд!
...Тирезаи хона кушода мешавад. Ва дар фазои гирди пирамард матои сафеде ба назар омада, беист парафшонӣ мекунад; печутоб мехўрад, – охир надорад ин матои сафед. Хона аз партаваш, ба мисли он ки аз нурҳои офтоби тобон бошад, равшан мегардад. Сипас матоъ то ба ҷисми пирамард мехамбад. Ва аввал пояшро, Баъд дасташро,
Китфашро...
Дар худ мепечонад.
Маҳкам мепечонад!
Вале аз ин ў сабук мешавад.
Матоъ пас ба сараш расида, мағзи пирамардро маҳин навозиш мекунад.
Ҳама рагу паяшро низ ба тасарруф дароварда, мулоим мепўшад. Ва ниҳоят, Ба гарданаш мепечад. Торафт сахттар...
Монанди боди гуворо, ки барги дарахтонро беозор хиширос мезанонад, ба атроф як садои паст, дилнишин ва дар айни ҳол баасрор паҳн карда, Он матои сафед ба гардани пирамард мепечаду мепечад.
Гўё нахи абрешимест, ки ҳаргиз интиҳо надорад.
1988
ОДАМОНИ РАҲМДИЛ
Майхонаи бисёр хурди сари кўчаи калон, ки ҳоло, дар ин нимарўзи авҷи тобистон, пардаи ғафси ягона тирезааш фуроварда ва дараш пўшида буд, ҳамагӣ ду мизу панҷ курсӣ дошт. Миҷозҳо, зананд ё мард, асосан дар бари пештахта истода, ба майфурўш чанд сухан радду бадал карда, барои худ мефармуданду менўшиданду мерафтанд. Кадоме як стакан менўшид, дигаре – ду ё се-чор стакан... Кадоме зуд баромада мерафт, дигаре такя ба пештахта оварда, насибаашро гирифтан баъд сигарета мекашид; боз менўшид, аз нав сигарета дармегиронд. Яке хомўш ба по истад, дигаре ба шарики худ мелақид; танҳо бошад, ҳампаҳуяшро ба гап мегирифт, ё ба майфурўш ҳарфе мегуфту мешунид.
Масалан, дигар сухане наёфта, гарданашро ба ин сўву он сў тоб дода, дар назар беҳолу мадор ба забон меовард:
– Ҳаво ниҳоят гарм шуд.
– Чӣ илоҷ, саратон... – мегуфт дар ҷавоб майфурўш.
– Берун хумдон барин.
– Ҳа, хумдон...
– Ин ҷо ҳам гарм.
– Ана бодбезак...
– Вай бод не, хок мебезад.
– Нафаҳмидам...
– Албатта намефаҳмӣ!
– Тавба...
– Ҳамааш фиреб, найранг!
– Бисёр налақ...
Мешуд, ки як нафар стаканашро холӣ кардан пас чеҳрааш кушода шуда, ба хушҳолӣ ва табассум баён медошт:
– Шаробат имрўз бад не-ку!
– Ҳа, шароби Шаҳринав, – ҷавоб мегардонд майфурўш.
– Ин хел бошад, ҳама вақт аз Шаҳринав биёр.
– Кўшиш мекунем...
– Рез боз якта.
– Ба ҷон!
– Лекин дирўзааш маза надошт.
– Ба ман вобаста не...
– Ту ҳам ҳаракат кун.
– Ман кистам?
– Майфурўш, – механдид миҷоз.
– Ёфтӣ, фақат майфурўш.
– Хайр?
– Ҳар чӣ хўҷаин биёрад, ҳамонро мефурўшам...
– Худат хўҷаин шав.
– Эҳа, то ман хўҷаин мешавам, ки думи шутур ба замин мерасад.
– Ба ҳар ҳол дирўза шаробат бемаза буд.
Оби холӣ буд.
– Надонам...
– Донистан беҳтар.
– Дуруст.
– Ман дирўз чанд стакан нўшидам?
– Панҷ...
– Аммо ягон зарра кайф надод.
– Албатта, ту одами бақувватӣ...
– Рез боз якта!
Ва мешуд, ки миҷози дигаре яқин тарафи майфурўшро гирифта, мегуфт:
– Ман аз ҳамон шароб нўшида будам. Нағз буд.
– Ман чӣ, нанўшидаам?

пешина
аз 132
навбатӣ