Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Пас чаро тўҳмат мекунӣ?
– Росташро гуфтам: нағз набуд.
– Гапашро бинанд!
– Чӣ, хуш наомад?
– Хуш омад ё не, ман ба ту нишон медиҳам!
– Хайр, бас акнун ҷанҷол, – ноилоҷ ба мобайн медаромад майфурўш.
Ва ҳамоне ки гарм тарафи ўро гирифта буд, баъд аз қадре хомўшӣ оҳиста мегуфт:
– Ба ман як стакан рез, ҷўра. Қарз... Ҳоло пулам нест.
– Ту бе ин ҳам қарздорӣ, – ба хаёл мерафт майфурўш.
– Рез, ҷўраҷон, рез. Гурехта намеравам, меорам.
– Аввал биёр.
– Гуфтам-ку: меорам.
– Як ҳафта боз дусад сўм қарздорӣ.
– Медонам.
– Биёр... баъд мерезам.
– Ҳоло кисаам холӣ, лекин сарам торс мекафад. Бандаи мусулмон бошӣ, рез. Дар байни ду-се рўз ҳамаашро якҷоя оварда медиҳам.
– Хайр, – дигар истодагарӣ карда натавониста, розӣ мешуд майфурўш.
– Ана барои чӣ тарафашро мегирифтаӣ, – ғурунгос мезад ҳамоне ки аз дирўза шароб қонеъ набуд.
– Чӣ гуфтӣ? – стакан дар даст, гўшашро сих мекард миҷози дигар.
– Ҳеҷ... – тамасхуромез механдид аввалӣ.
– Наход?!
– Гуфтам, ки пулат бошад, хўр.
– Ту худатро дон. Вагарна сиву ду дандонатро ба ҳалқат мефиристам.
– Ку биё. Биё...
– Бас ҷанҷол! – ин дафъа то ҳадде ғазаболуд ва қатъӣ ба миён медаромад майфурўш.
Воқиан, бо вуҷуди он ки миҷозҳои ў қариб ҳама ба якдигар шинос буданд, дар ин ҷо рўздармиён, ё ҳеҷ набошад, сечор рўз пас кашокашу кашталгириҳо низ рўй медоданд. Майфурўш ҳушёр истода, пайваста мекўшид, ки чунин ҳолат рух назада, ба сахт гуфтан, ё лозим ояд, ба зориву тавалло пешашро бигирад. Фоида набуд ба вай аз дилсиёҳӣ – милиса меомад, гапу калоча мешуд, ҳўҷаин норозӣ ҷигот меандохт. Ва охири охирон худи ўро гунаҳкор медонистанд.
– Ҷанҷол бас, – такрор мекард майфурўш. – То ҳанҷара серам аз тентакии шумо!
– Бас ки бошад, бас, – боз хандида, мегуфт аввалӣ. – Рез яктаи дигар!
– Албатта... бе ҷанҷол гаштан беҳтар, – мегуфт дуюмӣ.
– Ақлат расид, а?
– Аз ин ҷиҳат бениёзем.
– Худо зиёда набинад!
– Намебинад...
Дар майхонаи бисёр хурди сари кўчаи калон ҳамин тарз кор мекард майфурўш.
Гоҳ шод буд вай, гоҳ ношод. Вале ҳаргиз наменолид аз тақдир. Рост-дия, ризқи кўдаконашро ёбад, кифоя!
Бар замми чор девор, дару тиреза ва сақфи пастаки фанериву фарши симентӣ, чӣ тавре дар боло овардем, боз ду мизу панҷ курсӣ дошт ин майхона. Аз баландии пештахтаи фарсуда як бодбезаки пояш шикаста фир-фир шамол медод. Баъзан тоб хўрдани паррааш душвор гардида, садои гўшхарош мебаровард он. Як радиои хурди низ кўҳна гоҳ гап мезад, гоҳ суруду мусиқӣ мешунавонд. Хиросаш даме паст шавад, даме баланд мешуд. Ғайр аз ин дар майхона банкаҳои селитра буданд, ки майфурўш аз онҳо ба миҷозон шароб рехта медод; стаканҳои қиррадор буданд; чорпанҷ флягаи пур аз шароб ё акнун холӣ қатор меистоданд. Дигар чизе ки лоиқи махсус қайд кардан бошад, ба назар намерасид.
Майхона ҳеҷ гоҳ бе миҷоз намемонд. Яке равад, филҳол дуюмӣ меомад. Ва ҳамеша дар ин ҷо камаш... се-чор нафар ҳузур доштанд.
...Ана, дар кушода шуда, пасопеш боз ду кас ворид гардиданд. Яке навчаи сиёҳчарда буд; солим ва бақувват метофт. Дигараш – миёнақад, балки андак паст. Чунон ки нав аз бистари беморӣ хеста бошад, ранги рўяш заҳир менамуд. Болои ин сахт мелангид.

пешина
аз 132
навбатӣ