УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ҷўраатро овардам, – гуфт Сиёҳчарда хандон ба майфурўш. – Рез ду стакан.
– Ту куҷо будӣ? – ба Миёнақад нигарист майфурўш.
– Напурс, – даст афшонд ў.
– Ба хайр аст?..
– Дар ҳар сурат зиндаам.
– Қариб як моҳ боз наменамоӣ...
– Тобам гурехт.
– Мелангӣ... Чӣ шуд?
– Баъд мегўям.
– Гир, – ба стаканҳои пур аз шароб хушҳол ишора намуд Сиёҳчарда.
Ва Миёнақад ҳамроҳи вай нўшида, азбаски пояш дард мекард, рафта ба курсии пушти миз нишаст. Сиёҳчарда ба як марду ду нафар зане ки дар бари пештахта истода, сигарета мекашиданд, кам-кам менўшиданд, аз ину он қадре гап заду боз ду стакан шароб гирифта, назди шарикаш омад. Стаканҳоро болои миз гузошта, аз киса чор-панҷ қанди коғазпеч баровард.
– Оҳо! – гуфт Миёнақад, маъсум табассум карда.
– Ту чӣ гумон доштӣ... Мо киёнем, охир!
– Рост, мокиёнем, – хандид Миёнақад.
– Аз даҳонат шамол барад. Хурўсем мо, хурўс!
Вай дар рўбарўи шарикаш вазнин нишаста, оринҷҳояшро ба ду кунҷи мизи на чандон тоза такя дод. Ва ҳамзамон ваҷоҳаташ ба худ ифодаи ҷиддӣ гирифта:
– Акнун гап зан, – гуфт. – Ман дар он ҷо, дар кўча, дуруст нафаҳмидам: сабил монад, ҳаво гарм.
– Чӣ хел нафаҳмидӣ?
– Нафаҳмидам, вассалом!
– Зиёда аз як соат лақидему...
– Гуфтам-ку: ҳаво гарм. Мағзи кас меҷўшад-э! Хайр, гап зан. Чӣ шуд? Кӣ буданд онҳо?
– Кӣ мебуданд?! Аз афташон... ҳангиҳои қади кўча. Ҳоло пуранд ин гуна гавзўрҳо; шаҳр лаб задааст.
Ҳама қаҳрамон, ҳама ҷанговар.
– Хайр, ин гапҳоро як тараф мону дастатро нишон деҳ.
Ку аз сари нав бинам.
– Даҳ бор дидӣ...
– Ба дидан... албатта дидам. Лекин хаёлам, ки чашмам гирифтан баробар ҳама чизро фаромўш кардам. Дилам вайрон шуд. Гапат ба гўшам намедаромад.
– Ё баръакс парво надоштӣ?
– Наход аз аҳволи рафиқи худ бепарво бошам? Ман ҳам, охир, одам-ку! Ба ростӣ, он захмро дидан пас тамоман гаранг шудам. Ҳатто аз ғояти ҳаяҷон қариб гиряам омада, сарам чарх зад.
Наафтидаму бас.
– Бисёр азоб кашидам, ошно. Дасту поям шабу рўз дард мекарданд. Намедонистам, ки гудози кадомаш бештар. Баъзан то саҳар мижа таҳ карда наметавонистам.
– Ба духтур нишон надодӣ?
– Аҷаб гапҳо мезанӣ! Ту чӣ, аз дигар оламӣ?
– Яъне...
– Дар ин замона касе ки ба нони хўрдан пул намеёбад, оё метавонад пеши духтур равад?
– Лекин гапат рост.
– Беморхона давлатӣ бошад ҳам, табибон доллар талаб мекунанд. Ҳатто рубл не, доллар! Аз як шиноси ман барои ҷарроҳӣ чорсадта ситонданд.
– Чорсад! – дар ҳайрат дуру дароз ҳуштак кашид Сиёҳчарда. – Мешунидаму то ба ин дараҷа буданашро пок намедонистам.
– Нағз, ки вай занак ду писари баоқибат дорад, – гуфт Миёнақад, – хешу табор дорад. Онҳо сарҷамъ омада, ёфта доданд.
Ман барин тани танҳо бошад, чӣ мешуд?
Бар ҳадар мурда мерафт. Мегўянд, ки ҷонат ба лаб ояд ҳам, то пул надиҳӣ, ҳатто сўзандору намегузаронанд.
– Рўзи сахт. Дар ин аҳвол то куҷо мерасем?
– Хулоса, бисту ҳашт рўз аз хона набаромадам. Баромада ҳам наметавонистам. Пой мондан як азоби алим буд. Бар падарашон раҳмат, аз обу нонам ба қадри ҳол ҳамсояҳо хабар мегирифтанд.
– Аввал ҳаминро бардорем...
– Зиёд намешавад? Дар ин муддат қариб фаромўш кардаам нўшиданро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё