УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ман имрўз ба ёдат меорам. Ҳоло боз мегирем.
– Чӣ, пулат бисёр?
– Медонистӣ, ки ман ҳеҷ гоҳ бепул набудам.
– Рост, ту роҳу равиши зиндагиро ёфтӣ.
Аммо ман...
– Ҳар кас аз тақдираш донад.
–
...панҷ сол боз бекорам.
– Кӣ дасту поятро бастааст, – кор кун.
– Дар куҷо? Дар кадом завод ё фабрика?
Дар кадом сохтмон? Агар пул медиҳанд, ман ҳоло тайёрам бе қилу қол ҳатто ахлот кашам.
– Сад бор ба ту гўлак гуфтам, ки инро ба он зада, мисли ман дар бозор шин; ҳар чӣ меёбӣ, аз бозор меёбӣ.
– Наметавонам, аз дастам намеояд.
– Пас нолиш накун.
– Ман нолиш накардаам, дар омади гап буд. Чӣ илоҷ, аз қисмат бояд донист, – дар бадали ин солҳо ба ман одат шудааст мардикорӣ.
– Биё, ҳаминро гирем.
– Кайфам баланд шавад, ба чунин пои ланг чӣ хел хона меравам?
– Ман худам бурда мемонам.
– Хайр...
Онҳо нўшиданд.
Сиёҳчарда аз кисааш як қуттӣ сигарета бароварда, болои миз гузошт.
– Агар мехоҳӣ, каш.
– Мекашам, – гуфт Миёнақад. – Вақте ки муфт аст, чаро накашам?
– Ош шавад!
Инак онҳо хомўш сигарета мекашиданд.
Радио хир-хир гап мезад. Бодбезак фирфир мекард. Майфурўш ба се нафар пиракӣ шароб мерехт. Он як марду ду зан, ки то ҳол дар бари пештахта меистоданд, ҳар кадом дар даст стаканҳои пур, омада дар қариби Сиёҳчардаву Миёнақад, дар атрофи мизи дигар нишастанд. Ба ҳам сўҳбат доштанд онҳо, хушҳол буданд. Мард гоҳо ҳазлу шўхӣ мекард.
Ва занҳо механдиданд, сигарета мекашиданд.
– Ҷўраҷон! – гуфт Сиёҳчарда, ба қафо тоб хўрда..
– Лаббай, – ҷавоб гардонд майфурўш.
– Ба мо дутаи дигар рез.
– Ҳозир...
– Зиёд мешавад, – гуфт Миёнақад.
– Мастӣ? – пурсид аз вай Сиёҳчарда.
– Не-е...
– Пас менўшем!
– Охир...
– Гап якта!
Ва ҳангоме ки майфурўш стаканҳои холиро аз болои мизи онҳо гирифта, бозпас шароб оварда монд, ў ба шарикаш нигариста, гуфт:
– Акнун дастатро нишон деҳ.
– Дар бадам задӣ лекин, – хандид Миёнақад.
– Нишон деҳ, боз як бор бинам.
– Ана, – гуфт Миёнақад, кафи дасти чапашра қариб ба таки манаҳи ў бурда. – Бин, тамошо кун.
– Ваҳ, хок бар сарам! – нидо дардод Сиёҳчарда.
Воқиан ҳам сахт буд он ҷароҳат дар кафи дасти вай. Амиқ рафта, риму хунаш шах шуда, гирдаш ба чени даҳони стакан...
кабудранг, ҳатто сиёҳ метофт.
– Ин баъди хеле нағз шудан...
– Палидони лаин! – дар таассуф калла ҷунбонд Сиёҳчарда.
– Азобе ки дидам, ошно...
– Ту ба онҳо ягон гап нагуфта будӣ?
– Не, хомўш ба раҳам мерафтам. Лекин кайф доштам.
– Бисёр нўшидӣ?
– Аз куҷо?.. Ҳамагӣ се стакан. Дар ҳамин ҷо нўшидам. Хонаи як касро андова карда, сафед карда, чор-панҷ сўм ёфта будам. Табъам хуш, аввал бозор рафтам:
картошка харидам, сабзиву пиёз харидам, нону равған гирифтам. Ҳамаашро хона бурда мондаму баъд ин ҷо омада, ба як касним кас чақ-чақ карда, кам-кам нўшидам.
Бегоҳ, вақте ки рўз хеле торик шуд...
– Баромада рафтӣ, – ба оҳанги дилсўзӣ сухани ўро идома дод Сиёҳчарда.
– Бале. Аммо дар раҳ...
– Беҳуда нагуфтаанд: фалокат аз таки по мехезад, – боз сухани ўро бурид Сиёҳчарда.
–
...ду нафар рўбарў омада, маро нигоҳ доштанд. Яктааш кисаҳоямро кофта, ҳама пуламро гирифт. Буд тахмин панҷ-шаш ҳазор. Ҳаққи меҳнатам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё