УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Дар хонаат монда гардӣ, намешуд?
– Ман аз куҷо медонистам, ки ин хел воқиа рўй медиҳад.
– Содаӣ ту, сода!
– Шояд, – гуфт Миёнақад хаёлманд.
Сипас, баъд аз қадре сукут, ба нақли он ҳодиса давом дод: – Хулоса, яктааш ҳама пуламро гирифт. Дароз буданд лаънатиҳо.
Бо вуҷуди он ки дар торикӣ рўяшонро хуб намедидам, бақувват менамуданд. Ман, рости гап, сахт тарсидам: болои сўхта намакоб, мабодо ки зананд... Аз ин рў аблаҳвор хандида, пурсидам:
«Кифоя? Ман акнун равам, мешавад?»
«Ҳоло не», – гуфт дуюмаш.
«Боз як хизмат мекунӣ», – афзуд якумаш.
«Баъд тохта меравӣ...»
Дуюмӣ инро гуфту аз банди ҳамин дасти чапам қапида, сахт пеш кашид ва сигаретаашро аз лаб гирифта, чун дар хокистардон ба кафам зер кард. Ман як фарёди ҷонкоҳ баровардам; пойҳоям дуқат шуда, қариб ки беҳушу беёд ба замин ғалтам. Вале зуд дандон ба дандон монда, худро ба даст гирифтам. Ҳарчанд ба он дарди тоқатфарсо базўр тоб меовардам, тамоми вуҷудам сўхта, гўё хокистар мешуд. Якумӣ, ҳамоне ки кисаамро чаққон холӣ карда буд, гўгирд зада, дар партави оташаки он мисли заҳрханд рост ба рўям менигарист. Яқин дидан мехост, ки ман чӣ ҳол дорам, чӣ гуна азоб мекашам.
«Бало будаӣ ту», – гуфт вай ҷиддӣ.
«Ҳа, батоқат, қаҳрамон...» – хандид шарикаш.
«Илтимос мекунам, бачаҳо, илтиҷо дорам: бас, монед, сар диҳед...», – нолидам ман, ки аз зўри дард оби дидаам шашқатор мешуд.
«Мабодо вовчик бошӣ?»
«Не, не-е!!» – акнун фарёд задам, бадтар тарсида. Аммо нафас дар гулўям печида, овозам қариб набаромад.
Ва дуюмӣ сигаретаи дар ин каф хомўшшударо бепарво дур андохта:
«Хуб, амакӣ, бирав, – гуфт. – Тезтар бирав».
«Лекин мард будааст падарқусур.
Офарин...» – гуфт дар ҳайрат якумӣ.
«Шавад, одами кайфӣ ҳамин қадар мешавад, – гуфт дуюмӣ ва банди дастамро аз панҷаи оҳанини худ раҳо карда, такрор намуд: – Бирав. Зудтар бирав, ки дигар асло набинамат».
– Яъне туро сар доданд, – гуфт Сиёҳчарда қаноатманд.
– Бале, сар доданд. Лекин...
– Дар ҳар сурат бачаҳои бад набудаанд.
– Лекин ман ҳатто даҳ қадам намонда, ба миёни ҳар ду шонаам чунон лагади гарон расид, ки ҳамоно парчини замин шудам.
– Аҷаб! – калла ҷунбонд Сиёҳчарда.
– Бо вуҷуди ин зўр зада, хостам ба по хезам. Дастам ҷизҷиз сўхта, дардаш тамоми баданамро фаро мегирифт. Аз теғи биниам, ки вақти афтидан дар лаби ҷўй ба қирраи бетон бархўрда буд, хун метаровид.
– Ана, доғаш маълум.
– Ба фикрам ин доғ акнун якумрӣ.
– Коре карда хестӣ? – хамёза кашид Сиёҳчарда.
– Хестан куҷо? – даст афшонд Миёнақад. – Баръакс...
– Хайр, биё, аввал ҳаминро гирем, баъд гап мезанӣ.
– Ту ин қадар саросема!
– Чақ-чақ, охир, ба шароб хуш аст.
– Нақли он воқиаро агар чақ-чақ медонӣ, пас гарангам мани бадбахт...
– Аз ҳар гап даррав хулоса мебарорӣ, а!
– Бефарқӣ ту ба ҳоли кас, ошно, бефарқ...
– Ҳоло бардорем, – тунук хандид Сиёҳчарда. – Баъд... кӣ бефарқ, кӣ не...
маълум мешавад.
– Хайр, ба ҳамин агар маълум шавад, мегирем.
Яке аз дили нохоҳам, дуюмӣ ба хоҳиши тамом, онҳо боз нўшида, стаканҳои холиро болои миз гузоштанд. Аз пушташ сигарета даргиронданд; ҳар кадом ба хаёли худ муддате хомўш буд. Дар атрофи мизи дигар он мард ва ду нафар зан ҳамчунон сўҳбати баҳазлу шухӣ доштанд. Майфурўш ба миҷозаш, як одами лоғари китфонаш хамида, шароб мерехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё