УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Баъд чӣ шуд? – пурсид ниҳоят Сиёҳчарда.
– Чӣ мешуд? – баногоҳ қаҳраш омада, дар алам гуфт Миёнақад. – Қабри падарашон шуд!
– Яъне?
– Наханд!
– Хандаи ман аз раҳм аст. Аз барои он ки ту ба ғазаб наоӣ, аз қаҳрат фуроӣ...
– Рўи ту барин раҳмдил сафед, – низ хандид Миёнақад.
– Хуб, чӣ шуд баъд? Поят чӣ хел осеб ёфт?
– Аз задан... Лаънатӣ усули зарбаро дар тани ман санҷидан хост магар, ҳангоме заминро газида мехестам, аввал ҷуссаамро ба тахтапушт гардонда, пас як боло парида, рост ба зонуям латма андохт. Зарбаш он қадар вазнин буд, ки ман қариб беҳуш шуда, дар рўи асфалт ғел мезадам.
– Вай чӣ?
– Чӣ вай! Ба ҳоли ман каме нигоҳ карда истоду хандидахандида, ҳамроҳи шарикаш рафт. Ё ба тахмини ту якбора сарамро буридан лозим буд?
– Худо нигаҳ дорад!
– Воқиа ҳамин.
– Ба ҳар ҳол нағз: аз ҳад нагузарондаанд.
– Чияш нағз?
– Ман гуфтаниам, ки шукр, аз ин бадтар накардаанд.
– Пули як бегуноҳро кашида гирифта, ба сигаретаи сўзон хуб азоб дода, боз қариб пояшро зада шикананд, кам аст?
– Ман дар муқоиса ба вазъи шаҳр мегўям.
Худат медонӣку: ҳоло одам киву пашша чӣ... фарқаш нест.
– Гапат рост албатта. Лекин дар ин аҳвол кай ба як рўзи равшан мерасем?
– Худо хоҳад, ҳама мушкилҳо бартараф мешаванд.
– Эҳа, то бартараф мешаванд, ки умри ман баринҳо ба поён мерасад...
– Ноумед, ошно, шайтони лаин!
– Дар зиндагӣ чунон вазъияте дорам, ки на ба шайтон корам ҳаст, на ба раҳмон.
– Ношукрӣ накун. Дар ҳар сурат...
аҷалро фиреб додаӣ.
Ҳазл не... Биё, боз яктаӣ гирем.
– Ман дигар наменўшам.
– Барои он ки саломат мондаӣ...
– Намегирам, вассалом!
Бо вуҷуди ин Сиёҳчарда хандон:
– Мегирӣ, – гуфта, ба майфурўш аз нав шароб фармуд. Ва баъде ки вай ду стаканро пур карда, болои миз гузошт, ба шарикаш нигарист.
– Бардор.
– Гуфтам-ку: намегирам. Гап якта.
– Охиринаш ҳамин... барои саломатии сари худат.
– Ту дар ҳақиқат саломатии маро мехоста бошӣ, ҳоло панҷсад сўм бидеҳ.
– Чӣ кор мекунӣ?
– Ба пул?
– Бале.
– Нон мехарам. Ҳеҷ набошад, дурўза қути лоямутам мешавад.
– Чӣ, кисаат тамоман холӣ?
– Ман ба ту гуфтам, ки дар бадали бисту ҳашт рўз аз хона набаромадаам. Баромада ҳам наметавонистам, мурда барин будам.
Аз обу нонам асосан ҳамсояҳо хабар мегирифтанд. Акнун намедонам кай ягон кор ёфта, чор-панҷ сўм пайдо мекунам. Дар киса тин надорам, – ду рўз боз ҳатто як бурда нон нахўрдаам.
– Хуб, ана инро нўшем, баъд медиҳам.
– Аввал барор.
– Гирем, канӣ...
– Не, то надиҳӣ, наменўшам.
– Оббо!
Сиёҳчарда аз кисаи шимаш як даста садсўма баровард.
Ва аз он дутаашро ҷудо карда, ба тарафи вай ёзонд.
– Ана!
– Панҷсад сўм гуфтам ман.
– Ҳаминаш бас, як буханка нон мешавад,
– хандид ў.
– Пас наменўшам, – гуфт Миёнақад.
– Ростӣ?
– Ман кай аз гапам гаштаам?
– Аҷаб, ба ин ҳам шароб гирифта деҳ, ҳам пул ёфта деҳ, – ба оҳанги ҳазл ғур-ғур кард Сиёҳчарда.
– Модом ки ба қавли худат одами раҳмдилӣ, то охир раҳмдил бош, – хандид Миёнақад.
– Хайр, шуд, кифоя, – гўё бардурўғ ҷигот андохт Сиёҳчарда. Ва ба он дусад сўме ки ҳоло дар рўи миз гузошта буд, се варақи дигар зам карда, ба дасти вай қапонд. – Акнун менўшӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё