УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Кушад ҳам...
– Бало ту! Шерпанҷаҳо беҳуда начаспидаанд ба ту!
– Эҳтимол, – ба дард хандид Миёнақад.
Онҳо нўшида, боз сигарета даргиронданд. Майфурўш ҳоло танҳо монда, радио мешунид, – инак хир-хир намекард вай. Бодбезак гоҳо садои гўшхарош бароварда, беист фирфир дошт,
– шамол медод вай. Он мард ва ду нафар зане ки дар атрофи мизи дигар менишастанд, акнун нанўшанд ҳам, аз хурсандиашон маълум буд,
–
хотирҷамъанд, хестан намехоҳанд. Ба майли хотир сигарета мекашиданд онҳо, базла мегуфтанд, чақ-чақ мекарданд.
– Латифро надидаӣ?
– Кадом Латиф? – аз ин суоли ногаҳон як ҷунбида, абрувонашро мутаҳайир боло кашид Миёнақад.
– Латифи ҳамсинфат... – бетоқат фаҳмонд Сиёҳчарда.
– Ба вай чӣ кор дорӣ?
– Камаш бист рўз боз намебинам чилдурўғро!
– Чаро чилдурўғ будааст?
– Барои он ки қарз гирифту барнамегардонад.
– Чанд сўм?
– Ду ҳазор...
– Кирои тавиш не-ку?
– Ҳар чӣ бошад, пул аст.
– Ҳай мумсикӣ!
– Мумсикам ё не... бинам – пўсташро меканам.
– Дар дашти қазоқ?
– Яъне чӣ?
– Вай ба як рафиқамон мардикорӣ рафт.
– Қазоқистон?
– Ба-але.
– Ха-айр... – гуфт хаёлманд Сиёҳчарда. – Ошаш шавад ҳамон ду ҳазор!
– Ин гапи дигар.
– Бечора Латиф! Се фарзанд дорад...
– Ҳа, ба вай мушкил.
– Аксарият дар чунин аҳвол...
– Рафту ягон кор ёбам, намедонам ба ин пои ланг чӣ тавр аз ўҳдааш мебароям, – гуфт пас аз муддате хомўшӣ Миёнақад. – Тавба...
– Дардаш сахт? – пурсид Сиёҳчарда.
– Ҳа, то ҳол азобам кам не. Як ба чашми худат бин.
Вай инро гуфту почаи шимашро то худи рон бардошта, пояшро нишон дод.
Сиёҳчарда, назараш ба он афтидан баробар, сарашро қапида, гуфт:
– Ваҳ, хонасўхтаҳо-э!
Зонуи Миёнақад ба қадри як ҳандалак варам оварда, пояш қариб то ба соқ кабуду сиёҳ буд.
– Ту гумон доштӣ ман воҳима мекунам?
– Даҳшат!
– Ин баъди хеле нағз шудан. Рўзҳои аввал айнан гуппиро мемонд.
– Алҳазар! – калла ҷунбонд Сиёҳчарда. – Воқиан, ҳамон бегоҳ дар чунин аҳвол чӣ хел расидӣ ба хонаат?
– Одамони нек ёрдам карданд, – гуфт Миёнақад, почаи шимашро фуроварда. – Шукр, ки на ҳар раҳгузар саг барин ба кас дармеафтад.
– Як ба духтур нишон деҳ, ошно.
Мабодо оқибаташ бад шавад...
– Ба кадом пул? Ҳатто барои дидан ҳам пул мегиранд табибони имрўза!
– Ҷонат азиз бошад, илоҷашро ёб.
– Ҷони ҳар инсон албатта ба худаш азиз.
Лекин ман ҳоло чӣ илоҷ меёбам? Ба чилу панҷ даромада, чандин сол дар сохтмонҳои калон-калон заҳмат кашида, акнун нони хўрдан надораму... Аҷаб замона шуд, касе ба доди касе намерасад.
Масалан, ман аз ту як-ду ҳазор сўм қарз пурсам, бе миннат медиҳӣ?
– Мумкин диҳам.
– Барор. Хасисӣ накарда барорӣ, худи пагоҳ пеши духтур меравам.
– Хуб, нахуст як манаҳ хорида бинам...
пули аз рўзгор зиёдатӣ дорам, ё не.
– Ана ҳамин тавр! – ба рўи миз оҳиста мушт зад Миёнақад. – Осон не инсонгарӣ...
Кайфи ў бе гумон баланд мешуд.
Суханаш баитоб садо дода, дар он асабоният ва як оҳанги норизоӣ аз одаму олам ниҳон буд. Ҳарчанд мекўшид, ки ин ҳисси ногувори худро ошкор насозад, кас аз вай ба осонӣ пай мебурд.
– Ҳамин тавр, – такрор намуд Миёнақад. – Боз ту мегўӣ, ки ба қабули духтур рав.
– Ба ҳар ҳол... илоҷашро ёфтан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё