УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Не, ҳама чиз дорам.
– Саломатиат дуруст?
– Бад не.
– Пас барои чӣ ин тавр ғамгин метобӣ?
– Ман ғамгин нестам. Лекин...
– Чӣ лекин?
– Ҳеҷ... – гуфт писарбача ва нигоҳашро ба зарфаки сарди филизӣ шикаст; аз нав хомўш монд.
– Мехезем? – пурсид мард.
– Ха-айр, – гуфт писарбача. Ва онҳо бархостанд.
Мард ба фарқи сари ў дасти навозиш бурда, чун гунаҳкор бе ҷуръат табассум кард.
– Баадаб шав, писарам. Ба кору бори модарат мадад расон… Хуб?
Писарбача ҳарфе нагуфт, фақат китф барҳам кашид. Ва онҳо аз боғи истироҳат берун шуда, ба хиёбони маркази шаҳр дохил гардиданд. Бешитоб қадам монда, гоҳо дар байни худ як-ду калима радду бадал мекарданд.
Ниҳоят онҳо дар пеши иморати баланде қарор гирифтанд.
– Меравӣ? – пурсид мард, дар ҳолате ки аз қомати химчаи писарбача чашм канда наметавонист.
– Ҳа-а, меравам.
– Таъини маро фаромўш накун: баадаб шав… То метавонӣ, бештар китоб хон.
– Ман инро фаромўш намекунам, – сухани ўро бурид писарбача. – Лекин...
– Чӣ лекин? – ба ҳаяҷон омад мард.
– Хонданам нағз. Ба кору бори модарам ҳам мадад мерасонам. Лекин баъзан...
Дили мард сахт ва ноором метапид.
–
...Баъзан хаёл мекунам, ки барои чӣ дар хона нестед. Истода-истода... баъзан мехоҳам ҳамроҳ сари дастархон шинем, телевизор бинем, кўча бароем... Писарбачаи дувоздаҳсола инро гуфту дар чашмони зебояш ашк давида, суханаш нотамом, тозон ба дарвозаи иморати баланд рафт.
Марди чилсола дар хиёбони калон ва серодами шаҳр танҳо монд. Ва чун ҳайратзада фурсате ноҷунбон истода, аламнок аз дил гузаронд, ки...
Писараш, писараки ҳар дафъа ғамгинаш, ҳоло асрори аз ҳам ҷудо шудани ў ва модари худро аз куҷо медонад.
1985
ДУМБУРА
Ба ёди Маҳмуд
Воҳидов
Мўйсафед дар қариби дарвозаи бозор такя ба девор дода, беҳаракат менишаст.
Дастони дароз-дарози серрагупаи ў дар сари зонувонаш ором мегирифтанд.
Ангуштонаш низ дароз, сиёҳтоб ва саҳле каҷ буданд, – мисли радаи навниҳолон, ки аз андак фишори бод ҳама баробар ба як тараф хам мехўранд. Пешониаш фарохи пурчин. Нигоҳаш, ки одамони дар рафтуоро – вай бештар ба пои онҳо менигарист – лоҷарам муоина мекард, то андозае бефарқ ва ҳатто маҳзун метофт.
Дар наздаш, дар болои як газ матои осмонранг, се адад думбура ҳайрон мехобид.
Пас аз чанд дақиқа мўйсафед, дар машом бўи ғализи меваҷоти растаҳо, нигоҳашро аз мардуми даргузар ғундошта, ба созҳо кўчонд. Ва муддате ба онҳо зеҳн монда, чун дирўзу парерўз боз хулоса баровард, – дар ҳақиқат асбоби Мирзокарим хушранг, ҷаззоб, мисли инҳо не; меарзад, ки думбура ё дутор гуфта, ба даст гирӣ. Лекин...
Ў вақти азон савори як мошини раҳгузар шуда, соате қабл ба Кўлоб расида буд. Ва ҳоло дар шолчаи ҳамроҳ овардааш нишаста, вазнин ҳис мекард, ки шалпар аст, банду буғумҳои дасту пояш ба дард меоянд.
Болои ин хунук мехўрад, ғалмағали бозор ҳам дар гўшаш нофорам мерасад.
Ба умеде ки шояд ҳаво кушода шавад, мўйсафед ба осмони абролуд як назар афканду «меборидагӣ барин», – гуфт зери лаб ва аз бағалаш рўймоли сафеди каме ғиҷимро сабук берун кашида, номаълум бинӣ афшонд; бурут ва гирди даҳонашро пок кард. Сипас онро дар таки миёнбандаш хаста, даст ба хўрҷини фарсудае бурд, ки дар паҳлуяш меистод. Вай аз паллаи бордон як термоси хурди хитоӣ – наберааш Саидакрам аз хизмати ҳарбӣ ҳадя оварда буд, – пиёлаи низ хурди пахтагул ва бастаеро гирифта, дар пешаш, назди думбураҳо гузошт. Ва он бастаро кушода, аз ду ноне ки кампираш «тўшаи раҳат», – гуфта, ба хўрҷин андохта буд, якеро пора кард. Даҳони термосро ҳам кушода, дар пиёла чой рехт. Ва акнун пиёларо ба лаб бурдан мехост, ки:
– Салом, усто! – гўён касе аз болои сараш овоз дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё