Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё гапам дурўғ?
– Аз бозиҳои кўдакиамон – рост. Лекин дигараш...
– Чӣ дигараш? – теғ кашида, ба Амон нигарист Замон.
– Дигараш ин ки, – гуфт дар тамкин Амон, – ҷафои падарат ба ман кам набуд; баъд аз овони қўдакиамон ҷафои худат ҳам... Азоби раҳматӣ қиблагоҳам-ку ҳисоб надошт.
– Пас ту аз мо қасос гирифтан мехостӣ?
– Не! Дар ин умри дарозам сад бор гуфтам, ки не!
– Не бошад, барои чӣ бе пўшт-пўшт замини моро соҳибӣ кардӣ?
– Инашро ҳам медонӣ.
– Ба он ғазале ки солҳо боз мехонӣ, ақли ман намерасад.
– Мағзи саратро дурусттар кор фармо.
Пас шояд...
– Лозим не акнун, – ба чӣ хаёле рафта, ногаҳон ором шуд Замон. – Ҳамааш гузашт, дигар барнамегардад.
– Рост, ҳар чиз аввалу охир дорад, – хулоса кард Амон.
– Боз ҳамон гапи қўҳна, – дастони бемадорашро ба таки кўрпа гирифта, зери лаб гуфт Замон.
Ва хонаи озодаву ба чароғи барқ равшан... Аз нав дар оғўши сукунат монд.
Аммо пас аз лаҳзае дар кушода шуда, ба он ҷо ду каси дигар даромаданд, – писари хурдии Амон ва аз қафои вай...
Набераи калони Замон.
Баъде ки писари Амон дар паҳлуи падараш нишаста, аз ҳоли бемор пурсон шуд ва ба чанд сухани гарм ўро дилбардорӣ кард, Замон ба наберааш рўй овард.
– Куҷо будӣ?
– Аз гаву гўсола хабар гирифтам, – гуфт ҷавони тануманди хушсурат, ки пас аз хатми донишгоҳ чор сол инҷониб дар калхоз аграномӣ мекард.
– Падарат наметобад?
– Хонаи ҳамсоя гузаштанд – меҳмон доштааст. Ҳамин замон меоянд.
– Хайр...
Ин дам Амон ба писараш ишора намуда:
– Шабҳангом... Омадааст, ки маро гирифта барад, – гуфт ба Замон, – туро бинад... Акнун ба мо иҷозат.
– Майлат.
Амон ба ҳимои писараш аз ҷой хеста, ба сўи дар қадам андохт
– Хуш бош!
– Ту ҳам... – гуфт дар ҷавоб Замон ва аз болин андак сар бардошта, мулоим илова кард: – Ду-се бор кашола шуда омадӣ...
раҳмат.
– Чӣ? – гапи Замонро нашунида, бозистод Амон.
– Мегўям, ки ба ҳар ҳол ту одами бад нестӣ.
– Ҳа-а-а... – хушдимоғ мад кашид Амон.
*
Баъди чанд дақиқа вай аз паҳлуи писараш дар курсии бароҳати «Жигулӣ»
нишаста, ба пойгаҳи деҳа – тарафи хонааш мерафт. Зарраҳои барфи нахустин дар партави чароғи мошин печутоб хўрда, бепарво ба рўи раҳ мефуромаданд. Кўча дар ин шабонгаҳ хилват буд. Аз ҷониби кўҳ боди сард мевазид.
– Зимистон ҳам омад, – гуфт худ ба худ Амон ва ба сар ҷунбондани писараш эътибор накарда, дар як ҳисси ҷиргарсўз аз дил гузаронд, ки пири фартут шудаанд онҳо! – Ҳам худаш, ҳам Замон...
Дар аввал, агарчи канда-канда давом меёфт, сўҳбаташон нағз буд. Вале... чун дар аксар маврид боз гапи ҳамон замин баромаду кайфи Амон парид. Замон, хайр, маълум – то душмании худро зери хок набарад, дигар осуда намешавад. Ў дар вақташ як таҳамтан буд, ки эҳа-а! – думи филро меканд. Дар сухан ҳам устухон надошт. Амонро бештар ба гап мулзам мекард. Инак саломатиаш бад, гумон аст, ки ба по хезад. Акнун вай, Амон, то метавонад, зуд-зуд рафта...
Аз ҳоли Замон бояд хабар гирад; қарзи инсонии худро ба ҷо гузорад... Он зўъми худо ҳар чӣ гўяд, ихтиёраш – минбаъд гўш дода, Амон ҷим мешинад. Охир, рўзҳое буданд, ки Замон ҳам, сараш ба болин расидани ўро шунида, зуд ба аёдаташ меомад. Ҳоло ана, бистарӣ шудааст, мадори ҷунбидан надорад, чароғи умраш мемурдагӣ барин.

пешина
аз 132
навбатӣ