Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шайтони бекафшу маҳсӣ вай! Ба гап ҳам чунон ҷома мепўшонад, ки даҳани кас воз мемонад.
– Баъд ваъда кард, ки моро бозпас худаш ба Шаҳр мебарад; дар деҳа бемалол дам гирем; ба ҳурмати хешигарӣ, ҳамдеҳагӣ – хизмат аз вай.
– Бепул оварда буд?
– Тин нагирифтааст. Баръакс... меҳмон будааст гуфта, ба ин дўстам як корди нағз тўҳфа кард. Аз кордҳои таърифии Фарғона.
– Аҷаб-ку!
– Чияш аҷаб?
– Пас аз ин қадар меҳрубонӣ шуморо қариб дар сари раҳ монданаш.
– Эҳтимол ягон кору ҳол рўй дода бошад, ё мошинаш вайрон шуда бошад. Лекин хабар нарасондан...
– Ўро ҳеҷ бало назадааст. Вақте ки назди падаратон мерафтам, ман дида будам. Ба мошинаш тарафи марказ тоб мехўрд.
Маркази ноҳия...
– Наход! Охир, вай дина ҳам... бегоҳ, дар хона ҳамроҳи мо хеле нишаста, аз одаму олам сўҳбат карда, гап якта, саҳар ман худам шуморо бурда мемонам гуфта буд.
Пас чӣ тавр...
– Надонам, – китф барҳам кашид Зафарбек ва ду-се дақиқа сукут варзида, чунон ки ба қароре омада бошад, ногаҳон пурсид:
– Вай дар Шаҳр аз шумо ягон илтимос карда буд?
– Не.
– Дирўз чӣ?
– Дирўз ҳам. Фақат... дар рафти сўҳбат гуфт, ки имсол нахустфарзандаш ба институт дохил шуданӣ. Агар тавонам, ба якта-нимта ёру ошноҳо гап зада, ба вай ёрӣ расонам.
– Шумо чӣ гуфтед?
– Гуфтам, ки ин хел корҳо аз дастам намеоянд. Аз дастам оянд ҳам, ман дар ин бора ба касе даҳан намекушоям. Писаратон... дар мактаб нағз хонда бошад, бе ҳеҷ восита худаш дохил мешавад. Умуман ин гуна давуғеҷ, яъне дарро монда, аз тиреза даромадан кори хуб не...
– Акнун фаҳмидам.
– Чиро?
– Сабаби ваъдахилофии ўро.
– Аммо ман нафаҳмидам.
– Сода будаед!
– Мумкин.
– Вай аслан дар ғами дохилшавии писараш ба ҷустуҷўи шумо меравад...
– Мумкин.
– Мумкин не, аниқ...
– Пас чаро дар ҳамон ҷо, дар Шаҳр, гапашро нагуфт? – сухани ўро бурида, дар ҳайрат пурсид Мансур.
– Чунки шумо нияти сафар доштед, ба деҳа меомадед. Илтимосамро раҳораҳ... ё баъдтар, дар арафаи бозгашти онҳо...
гўшрас мекунам гуфта, хушу хурсанд шуморо меораду дирўз, дар хонаатон, барҳадар рафтани хизматашро дониста, латтааш ба об меғалтад. Акнун фаҳмидед?
– Қариб... Лекин ташвиши писараш ба муносибати инсонӣ, ниҳоят ба ваъдаи ў чӣ дахл дорад?
– Дорад, барои ин қабил одамон дахл дорад.
– Хайр, акнун эҳтиёт мешавем. Кўр асояшро як бор гум мекунад...
– Пеш ҳам вай шуморо хабар мегирифт?
– Гуфтам-ку: дар ҳафт-ҳашт соли охир аввалин бор рўяшро дидам.
– Ана, ҳол он ки нисфи умраш дар Шаҳр мегузарад.
– Яъне ман ба ў даркор будам? Барои ҳамин маро кофта... оқибат ёфт; азизу авлиё карда, ба деҳа овард?
– Бале. Аммо вақте фаҳмид, ки шумо харашро аз лой намебароред, рафту ягон рўз вохўрем, дар дунё чӣ пур – баҳона гуфта, ваъдаашро... чун носи даҳан ба кўча партофт.
– Хайр, раҳаш ба худаш, сояаш ба девор!
– Лекин муҳиммаш, шумо аз вай хафа нашавед. Чунки он бўқаламун ба ин ҳатто намеарзад.
– Воқиан, касбаш чӣ?
– Намедонед?
– Не, напурсидаам.
– Дар як ошхонаи шаҳрак кор мекунад, дар маркази ноҳия. Пивафурўш! Ҳама дабдабааш аз болои ду-се тини мардум.
– Фаҳмо, – гуфт андешаманд Мансур ва дигар ҳарфе назад.

пешина
аз 132
навбатӣ