Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Музаффар хоҳам-нахоҳам ўро ба хона таклиф кард.
– Не, додар, вақтам танг. Ба падаратон як кори зарур дорам. Агар бошанд, Хоҷаамакам шуморо пурсида омадаанд мегуфтед...
– Дароед, падарам дар хона.
Пас аз қадре дудилагӣ Сайфиддинов, ки мардуми деҳа барои даҳанкалониву бадавлатӣ ўро Хоҷамаст ном мебурданд:
– Ха-йр, бафурҷа гап занам, боз беҳтар, – гўён аз қафои Музаффар вориди ҳавлӣ гардид.
Насим-амак меҳмонро ба чеҳраи кушода пешвоз гирифта, дар канори дастархон шинонд; аҳвол пурсид. Ва ба вай як пиёла чой дароз карда, мулоим гуфт:
– Шамоли куҷо паронд, Хоҷабой? Ин хел… ба кулбаи мо ҳам қадам мегузоштаед?!
– Тақозои зиндагӣ, ака...
– Ҳа, албатта.
Ба ҳамин ҳар ду хомўш монданд. Музаффар низ сукут мекард.
Насим-амак риши мошубиринҷи худро панҷа зада, ба гўшаи айвон назар медўхт.
Сайфиддинов пиёлаи чояш ҳоло ширгармро, чунон ки хиҷолат мекашида бошад, музтариб ба лаб мебурд.
– Гап занед, Хоҷабой, – гуфт ниҳоят Насим-амак, хомўширо барҳам дода. Музаффар аз ин рағбати падар дар ҷояш як ҷунбида, ба ҳайати Сайфиддинов нигоҳи маънидор афканд.
– Дардамро шунидан хоҳед, ака, – гуфт меҳмони онҳо бе муқаддима, – мўҳтоҷам...
Аз анбор... камомад ёфтанд. Пул лозим.
Агар ёрдам накунед, хонаам месўзад.
– Наход аз мани мўйсафед мадад пурсед?!
Дар бисоти мо пули зиёдатӣ аз куҷо...
Бо вуҷуди он ки Насим-амак махсус ба оҳанги «аҷаб аст кори дунё!» сухан меронд, Сайфиддинов ё чизе нафаҳмид, ё худро ба нофаҳмӣ зад.
– Ба чанд нафар вохўрдам, ака... нарўид.
Баъд хуб мағзамро об карда, пай бурдам, ки ғайр аз шумо дигар ҳеҷ кас ба дардам даво намешавад.
– Ин гапҳоро як тараф монед, – гуфт Насим-амак ва каме ба андеша рафта, мухтасар пурсид: – Чанд сўм лозим?
– Ду ҳазор... Ҳамин ки ба пуштам офтоб расид, бе каму кост оварда медиҳам.
– Ду ҳазор, – такрор намуд Насим-амак, пешониашро молида. – Хайр, канӣ... ба дастархон нигаред. Музаффар ба торикии вусъати боғ чашм медўхт ва фикр мекард, ки ҳамон сол низ шабҳо мисли алҳол дилкаш буданд. Вале ғами гуруснагӣ намегузошт, ки аз сукути баасрори онҳо ибрат гирӣ, дишаба барин аз насими серун ҳаловат бурда, рўболо дароз кашиву чашм аз ситораҳои соҳири осмони мусаффо наканӣ...
Вохўрӣ ба Сайфиддинов дар хаёли Музаффар зиллатеро таҷассум сохт, ки пас аз ҷанг ба вуқўъ пайваста буд.
«Ана чӣ маънӣ доштааст гардиши айём,
– аз дил мегузаронд вай. – Рост мегуфтаанд, ки кори садаспа ба якаспа ҳам меафтад. Агар он ҳодиса каме пештар ба ёдам мерасид, ўро аз дарвоза даромадан намемондам. Наход падарам фаромўш карда бошанд?..»
Музаффар гоҳ-гоҳ дар хотир меовард, ки баъди ду рўзи аз ҷанг баргаштани марди хона раиси калхоз ба ҳимои асобағал – ранги рўяш низ заҳир метофт – дар саҳни ҳамин ҳавлӣ пайдо шуд. Он вақт Музаффар бача буд; бачаи ҳаштсола буд...
Раис ба падари вай самимона вохўрдӣ карда, оҳиста дар лаби суфа нишаст ва дамашро андак рост гирифта:
– Додарам Насим, – гуфт, – худоро ҳазор бор шукр, ки сиҳат-саломат гашта омадӣ. Дар чор соли ҷанг мардум азоби бисёр диданд. Аз худат гап намемонад...
Акнун рўзе расидааст, ки поямонро аз лой берун кашем. Барои ин меҳнат лозим, ҷон коҳондан лозим. Аммо дар деҳа одами коршоям қариб нест.

пешина
аз 132
навбатӣ