УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Аксарияти мардҳо ё ман барин маъюб, ё пири фартут, хонашин... Гапи бисёр як хара бор гуфтаанд. Мақсадамро албатта фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, раис. Лекин... аҳволи оилаамро дида, ҷигарам хун мегардад.
Ҳатто ним каф орд намеёбем, ки ордоба кунем. Боз шикастурехти ҳавлӣ...
– Медонам, Насимҷон. Ин рўзи сахт ба сари ҳама омад. Ғам нахўр – худо хоҳад, об ба лаби ҷўй баробар мешавад. Фақат заҳмат кашидан лозим.
– Чӣ илоҷ?! Одаму машаққат...
– Зинда бош, додар! Тавонӣ, аз пагоҳ ба сари замин баро... Боғи Боло дар ихтиёри худат.
Раис вазнашро ба асобағал андохта, аз ҷой хест ва хайрухуш карда, лангонлангон чанд қадам пеш рафт. Баъд, мисли он ки ногаҳон чизе ба хотираш омада бошад, бозистода, дар азоб ба забон овард:
– Воқиан, аҳвол бад гуфтӣ, а? Хайр, бегоҳ писаратро ба идора фирист. Шояд мудири анборро ба гап андохта, ду-се кило орд ёфта диҳам...
...Музаффар баробари ғуруби офтоб аз ҳисоби калхоз панҷ кило орди ҷав гирифта омад.
Рўзи дигар падару писар Боғи Боло мерафтанд. Дар самти шарқи осмон ранги арғувонӣ медавид. Аз кўҳи наздик, ки дар назар тимсоли ҳайбат менамуд, насими фараҳафзои субҳгоҳон вазида, ба тану ҷони кас мадори тоза мебахшид.
Музаффар аз паҳлуи падар қадам монда, баъзан дар як ғурури кўдакона ба қаду қомати расо, китфони барҷаста ва чеҳраи ҷаззоби ў менигарист. Ана ҳамин марди паҳлавон падараш... Вай чанд сол боз набуд. Дар куҷое ба фашистони бадтол майдон мегирифт.
«Модарам мегуфт, ки додот ба туфанг ҷанг мекунад. Канӣ туфанги ў? Чаро ба худаш наовард?..»
Он рўз падараш дар тан шиму куртаи хокаранги аскарӣ ва дар пой мўзаи бақувват дошт. Остинҳояш то оринҷ барзада буданд. Дар китфи росташ як каланди калон, бардам қадам мениҳод...
Музаффар то ангурпазӣ ҳар саҳар ҳамроҳи ў Боғи Боло рафта, ҳини гавгум бозпас хона меомад. Вай дар он ҷо, дар боғоти калхоз, соатҳои дароз ба дастони печони падар, ки мудом ба коре банд буданд, дар ҳавас чашм медўхт... Ва медид, ки чӣ тавр шахси ба дилу ҷонаш аз ҳама азиз замини чор-панҷ сол инҷониб партави сахтро нарм мекунад; арақи сару рўяш дар зери анвори сўзони офтоб мисли донаҳои хурди марворид чӣ сон ҷило медиҳад.
Ҳангоме вай «ҳаҳ! ҳааҳ!» – гўён каланд мезад, ба Музаффар чунин менамуд, ки дар дунё аз падараш каси тавонотар нест. Дар ин гуна лаҳзаҳо, то пуштибони камгапаш ташнагии худро шиканад, ў лаби чашма рафта, зуд-зуд оби зулол меовард.
Ҳоло ҳам Музаффар дар ёд дорад, ки вай чӣ хел алаф медаравид – эҳа! Пойдосаш ҷарангосзанон садо бароварда, мунтазам пасу пеш медавид ва анбўҳи алафро ширтширт бурида, якмаром ба замин мехобонд.
Бисёрҳо шудааст, ки гўё афсунаш карда бошанд, Музаффар аз пойдоси ялақосии падар чашм канда наметавонист...
Ангур ала шуду ташвиши онҳо зиёдтар гардид: бачаҳои деҳа дар ҳаваси дуздӣ меомаданд. Аксар вақт падари Музаффар аз ягон канор липпӣ берун омада, онҳоро ба даст меафтонд. Аммо ҳаргиз намезад, дашном ҳам намедод; фақат ин ки гўшашонро оҳиста мекашид ва ба дасти ҳар кадоме яксарӣ ангур қапонда, мегуфт:
– Минбаъд агар мева хоҳед, аз худам пурсед. Мабодо боз дуздӣ кунед, ба чанг оварда, дар пеши ана он коза баста мемонам – офтоб хўрда, бемалол хоб меравед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё